Баландии назди Волга
Зоҳир
Баландии назди Волга — баландии соҳили рости дарёи Волга, аз шаҳри Нижний Новгород то шаҳри Волгоград. Баландиаш то 384 м. Қисми бештари баландӣ 150–200 м аст. Бараш то 500 км. Ба сӯйи дарёи Волга рост, дар баъзе ҷойҳо зина ба зина, ба тарафи пастии Окаю Дон нишеб мефурояд. Аз гил, оҳаксанг, рег, бӯр ва мергел таркиб ёфта, релйефаш карстист. Баъзе қисмҳои баландии алоҳидааш кӯҳҳои Змеев, Жигули ва Столбичи ном доранд. Аз Шим. ба Ҷ. бешаҳои паҳнбарг ба бешадашт ва дашт иваз мешаванд. Заминҳои корам дорад, ки дар онҳо гандум, ҷуворимакка ва канаб мекоранд. Аз сарватҳои зеризаминӣ нафт, газ, асфалт ва фосфорит истихроҷ мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баландии назди Волга / Ҳ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.