Волгоград

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Волгоград
русӣ: Волгоград
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  Русия
Роҳбар Andrej Kosolapov[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1589
Аввалин номбарӣ 1579
Масоҳат
  • 859 км²
Баландии марказ 80 м
Минтақаи замонӣ UTC+4 ва UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 8442
Нишонаи почта 400001–400138
volgadmin.ru(рус.)
 Парвандаҳо дар Викианбор
Донишгоҳи давлатии Волгоград

Волгоградшаҳр дар Русия, маркази вилояти Волгоград. Шаҳри қаҳрамон (аз соли 1965). Дар соҳили рости дарёи Волга воқеъ гардидааст. Аҳолиаш 1,02 млн нафар (2013). Аз Волгоград хатҳои р. о. ба Маскав, Қазон, Астрахан, Краснодар, Донеск (Украина), роҳҳои автомобилгард ба Саратов, Тамбов, Ростови лаби Дон, Элиста, Астрахан мегузаранд. Фурудгоҳи байналмилалӣ, бандари дарёӣ дорад. Аз Волгоград Канали Волга – Дон ибтидо мегирад. Аз соли 1984 хатти баландсуръати трамвай (қисман аз зери замин мегузарад) фаъолият дорад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Волгоград тақрибан дар солҳои 50 садаи XVI баъди ба Русия ҳамроҳ шудани хонии Астрахан бунёд ёфтааст. Бори аввал дар санадҳои соли 1538 ҳамчун Саритсин (аз номи дарёи Саритса) зикр мешавад. Дар ибтидо посбонгоҳ (қаровулхона) барои аз бодиянишинон муҳофизат намудани роҳҳои боркашонӣ аз Волга ба Дон буд. Волгоград-ро солҳои 1669–70 лашкари исёнгари С. Т. Разин, соли 1708 дастаи К. А. Булакин ишғол намуданд. Соли 1774 онро ду бор сипоҳиёни Е. И. Пугачёв муҳосира карданд. Саритсин (номи пешинаи Волгоград) соли 1708 ба губ. Қазон, 1719 ба губ. Астрахан ва аз соли 1773 ба губ. Саратов ҳамроҳ карда шуд. Дар садаи XVIII дар Волгоград намояндагони Украина ва Дон, аз соли 1765 муҳоҷирони олмонӣ маскун шуданд. Дар охири садаи XIX шаҳр ба маркази муҳимми савдо, нуқтаи боркашонӣ аз Волга ба р. о. табдил ёфт, дар он саноат рӯ ба рушд ниҳод. Аз соли 1919 маркази губ. Саритсин. Соли 1925 Сталинград ном гирифт. Аз соли 1928 дар ҳайати кишвари Сталинград, аз 1936 вилояти Сталинград. Дар охири солҳои 20 – ибтидои солҳои 30 Сталинград яке аз марказҳои асосии саноатӣ буд. Бо иштироки мутахассисони хориҷӣ аввалин дар мамлакат з-ди трактор, неругоҳи барқии давлатии ноҳиявӣ (НБДН), корхонаи киштисозӣ ва ғ. сохта шуданд. Дар ин шаҳр яке аз муҳорибаҳои ҳалкунандаи ҶБВ (1941–45) – Муҳорибаи Сталинград ба амал омад. 22 декабри 1942 ба шарафи ҳифзи шаҳр медали «Барои мудофиаи Сталинград» таъсис ёфт, ки бо он 707 ҳазор нафар иштирокдорони Муҳорибаи Сталинград шарафманд гардиданд. Дар рафти ҷангҳои шадиди июли 1942 – феврали 1943 шаҳр тамоман хароб гардид. Ба Сталинград унвони «Шаҳри қаҳрамон» дода шуд. Дар ин муҳориба дар қатори намояндагони дигар миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ садҳо фарзанди Тоҷикистон, аз ҷумла О. Холматов, А. Турдиев, Ҳ. Раҳимов, Ф. Ниёзӣ, С. Иброҳимов, М. Муқимӣ, А. Қаландаров, Т. Ҷӯраев, А. Эшматов ва дигарон қаҳрамонӣ нишон дода, сазовори ордену медалҳои ҷангӣ гардиданд. 8 майи 1965 бо Укази Президиуми Совети Олии СССР барои мардонагӣ ва қаҳрамонии заҳматкашони шаҳр дар мубориза бар зидди истилогарони фашистӣ Волгоград бо ордени Ленин ва медали Ситораи Тило мукофотонида шуд.

Саноат[вироиш | вироиши манбаъ]

Волгоград – яке аз бузургтарин марказҳои саноати Поволжия. Бештар мошинасозӣ ва коркарди филиззот, истеҳсоли маҳсулоти нафт ва саноати кимиё, филиззоти сиёҳ ва ранга, энергетика тараққӣ кардааст. Корхонаҳои саноати коркарди чӯб, сабук ва хӯрокворӣ мавҷуданд. Дар нуқтаи баландтарини Қӯрғони Мамай ансамбли ёдбуди «Қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград», муҷҷассамаи «Ватан–Модар даъват мекунад» (баландиаш 52 м) воқеъ аст. Дар он номи тоҷикписарони қаҳрамон, аз ҷумла Бобохонов Делигаш (соли таваллудаш 1902, аз ноҳияи Шаҳритуз), Бобошоев Олим (соли таваллудаш 1920 аз шаҳри Сталинобод), Боҳиров Алиҷон (соли таваллудаш 1920, аз шаҳри Конибодом) ва дигарон низ сабт шудааст. Аз ёдгориҳои меъморӣ дар Волгоград калисои Иоанн Прутечи (1704), калисои Никита дар қӯрғони Отрада (1782–95), калисои ҷомеи Қазон (1897–99) боқӣ мондаанд. Дар Волгоград донишгоҳҳои омӯзгорӣ, техникӣ, тиббӣ, академияҳои меъморию бинокорӣ, кишоварзӣ, тарбияи ҷисмонӣ, хадамоти давлатӣ, Институти санъат ва фарҳанг, осорхонаҳои «Муҳорибаи Сталинград», кишваршиносии вилоятӣ, санъати тасвирӣ, созҳои мусиқӣ, таъриху мардумшиносӣ, осорхона-мамнуъгоҳи меъмории «Старая Сарепта», театрҳо, сирк, филармония фаъолият доранд.

Шоири тоҷик Муъмин Қаноат достони «Сурӯши Сталинград»-ро (1972) дар бораи ҷангу муҳорибаҳо, саргузашти фоҷиавии ҷанговарон, тақдиру қисмати қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград эҷод намудааст ва барои он сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ (1977) гардидааст. Ӯ дар ин достон ба санадҳои воқеӣ такя кардааст ва қаҳрамонҳои асар (Момои Асал, Аҳмад Турдиев, Михаил Прадаха ва Я. Волгоград Павлов) шахсони воқеианд. Шоир муддате дар бойгониҳо кор карда, бо иштирокдорони ҷанги Сталинград суҳбат ороста, панҷ бор ба Волгоград сафар карда, «арзу тӯли кӯчаҳо ва хонаҳоро қадам зада, муайян намуд, то ки ҳарфе хато наравад». Достони «Сурӯши Сталинград» ба забони русӣ тарҷума гардида, ба нашр расида буд. Муъмин Қаноат дар маросими таҷлили 70-солагии Муҳорибаи Сталинград (2013) дар Маркази фарҳангиву илмии Русия дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки барои навиштани достон ба ӯ шоҳидони воқеии ин муҳориба – маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Волгоград И. Чуйков, қаҳрамони Муҳорибаи Сталинград Я. Ф. Павлов ва дигарон ёрӣ расондаанд. Яке аз қаҳрамонони ин достон, сокини шаҳри Волгоград Зинаида Селезнёва қайд намудааст, ки дар остони ин ҷашн тамоми мактабҳои шаҳри Волгоград бо изҳори сипос вобаста ба ашъор ва зиндагии Муъмин Қаноат маҳфилҳо баргузор кардаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Акбаров Ю. Талаби ҳаёт ва қисмати адабиёт. Д., 1977;
  • Акбаров Ю. Қисмати инсон ва қисмати шеър. Д., 1980;
  • Ермаков А. Д. Памятники Волгограда. Волгоград. 1982;
  • Атопов Волгоград И., Масляев Волгоград Е., Липявкин А. Ф. Волгоград. М., 1985;
  • Волгоград: Четыре века истории. Волгоград. 1989;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]