Баландпарак
Зоҳир
Баландпарак
Бозии халқии бачагонаи тоҷик, ки дар байни бачаҳои аз 7 то 13 сола гузаронида мешавад. Бозӣ дар нишебиҳои ягон теппа ё баландие сурат мегирад. Дар бозӣ дунафарӣ иштирок менамоянд. Ҳар як бозингар бо навбат пойҳояшро ҷафс дошта, аз поён ба боло ҷаҳида-ҷаҳида мебарояд. Касе, ки масофаи бештарро ҷаҳида барояд, ғолиб шуморида мешавад. Дар Рашт, Дарвоз нимфаъол аст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Нимфаъол 1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015. 2. Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Д., 1983; 3. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 174