Jump to content

Балбал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Балбал

Балбáл — ҳайкали зан, ки аз санг тарошида, болои қабр ё теппа мегузоштанд. Баландиаш аз 1 то 4 метр мебошад. Аз дарёи Днестр дар Ғарб то ба Қаззокистону Муғулистон дар Шарқ вомехӯрад. Қадимтаринаш ба асрҳои 5-4 то милод, навтаринаш ба асрҳои 13-14 милодӣ мансуб аст. Олимон гузоштани «Балбал»-ро ба парастиши аҷдод марбут медонанд.

Дар Балбалҳо номи подшоҳони ғолибомада навишта мешуданд. Дар баъзе ҷойҳо якбора 300—350 балбалро дида метавонем.