Балбоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балбоз — зоти гӯсфанди гӯшту ширу пашмдеҳ.

Дар Арманистон, Озарбойҷон, Туркия ва Эрон парвариш карда мешавад. Дар Анатолия (Анқара, Кения, Сивос, Арзарум) бо номи «оқкараман» машҳур аст. Рангаш, одатан, сафед, пою сару гӯшаш сиёҳ; думи дарози S-шакл дорад. Вазни қӯчқораш 35–110 кг, мешаш 55–75 кг (дунбааш 3–14 кг). Аз ҳар сар гӯсфанд 2,5–3 кг пашм метарошанд. Аз пашми он қолин, бурка (либоси намадини қафқозӣ) ва ғ. мебофанд. Гӯсфанди сершир аст (то 210 л шир меди­ҳад). Барои беҳтар кардани сифати зот соли 1935 дар Арманистону Озарбойҷон парваришгоҳҳои балбоз ташкил карда шуданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]