Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гӯсфанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гӯсфанд
Гӯспанд
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ovis aries
Dolly’s remains as exhibited in the Royal Museum of Scotland

Гӯспанд, барра ҳайвони хонагӣ мансуби ҷуфтсумҳо. Дар ҷумҳурӣ гӯспандони қарокӯлӣ, ҳисорӣ ва ҷойдорӣ паҳн гаштаанд.

Саравлоди гӯспанди хонагӣ — гӯспандони ваҳшии Ғурм (Муфлон). Сарнасли тамоми зотҳои гӯспандони хонагӣ муфлон (ғурм), зернамуди гӯспанди кӯҳӣ мебошад. Дар вақтҳои пешин ғурм хеле фаровон буд. Маҳалҳои сукунати ҳозираи ғурм ниҳоят кам шудааст. Дар нимбиёбон ва пиставу бодомзори зич (900—2800 метр аз сатҳи баҳр) зиндагӣ мекунад. Шикори бенизом ва дар натиҷаи чорвочаронӣ ғурмҳо хеле кам шуда, дар баъзе маҳалҳо тамоман барҳам хӯрдаанд.

Баъзе олимон сарнасли гӯспандони хонагии Осиёро гӯспанди ёбоӣ, Архар (Ғулча) мушуморанд, ки то ҳол дар қаторкӯҳҳои Осиёи Марказӣ дучор меояд. ғулча яке аз калонтарин гӯспандони ёбоӣ мебошад. Рангаш қаҳваги зард- тоб буда, таҳи шикамаш бо мӯйинаи сафедранг пӯшида шудааст. Ғулчаи нар шохи хеле калону печдори барҷаста дорад. Вазни сари архари болиғ бо шохҳояш 30-40 кг буда, вазни умумиаш то ба 150—180 кг мерасад. Солҳои охир саршумори архар хеле кам шудааст. ғулча моҳҳои май ё июн як, баъзан ду барра мезояд. Архар ҳамчун намуди беҳамтои гӯспанди ёбоӣ ба муҳофизати ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад. Дар «Китоби сурх» гӯспандҳои устюртӣ (аркал), қизилқумӣ, тоҷикӣ (бухороӣ), тяншонӣ (архар) ҳам чун зернамудҳои гӯспанди кӯҳӣ дохил шудааст.

Дар ҷаҳон 25 зернамуди гӯспанди кӯҳӣ маълум буда, ба қатори ҷуфтсумҳо, оилаи ковокшохҳо, синфи ширхӯрон дохил мешавад. Гӯспанди кӯҳиро дар Осиё тахминан 9000 сол, дар Аврупо 4000 сол пеш аз милод инсон хонагӣ намуд. Дар натиҷаи интихоби табиӣ ва сунъӣ ҳоло 150 намуди гӯспанди хонагӣ мавҷуд аст. Комёбиҳои фанни генетика ва селексия ба ривоҷи гӯспандпарварӣ, наслгирӣ мадади хеле калон мебахшад, зеро аз гӯспандони кӯҳӣ ва хонагӣ намудҳои нави онҳоро пайдо мекунанд. Дар боғи ҳайвонот, мамнӯъгоҳ, дар шароити сунъӣ, муфлон бо гӯспандони хонагӣ ҷуфт гашта, насли бардам медиҳад. Барои саноати сабук аз гӯспандон пашм, мӯина ва пӯст мегиранд. Чун маҳсулоти хӯрокӣ гӯшташро истеъмол мекунанд. Дар баъзе мамлакатҳо аз шири гӯспандон сир, чакка, айрон, қаймоқ мегиранд. Сифати чунин маҳсулот назар ба маҳсулоти ҳайвоноти дигар (гов) якчанд маротиба беҳтар аст.

Гӯспанд ҷонварест, ки ягон узви он исроф намегардад, ҳатто шохҳояшро истифода мебаранд. Аз рӯдаи гӯспанд ҳасиб, тори асбобҳои мусиқӣ тайёр мекунанд. Ҳатто ҳамчун риштаи амалиёти ҷарроҳӣ истифода мебаранд ва он дар организми инсон худ аз худ ҳал мешавад. Дар ҳадисҳо, ки дар он тафаккури динӣ, бадеӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҷаҳонфаҳмӣ, ҷаҳонбинии Муҳаммад пайғамбар инъикос ёфтаанд, чунин навишта шудааст: «Гӯспанд бипоед, барака меёбед», «Дар вақти муносибат ба ҳайвони безабон аз Худо тарсед. Онҳоро аввало фарбеҳ намуда, баъд хӯрокӣ намоед», «Муъминон, ки гӯспанду аспу шутур парвариш мекунанд, ба давлат, ҳурмат ва хушбахтӣ соҳиб мегарданд».[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: