Балош (шоҳаншоҳи Сосонӣ)
Зоҳир
Vhaləhş/Валахш | |
| |
483/484 — 488 | |
Пешгузашта | Пирӯзи I |
Ҷонишин | Қубоди I |
|
|
Таваллуд | асри V |
Даргузашт | 488 |
Дудмон | Хонадони Сосон |
Падар | Яздгирди II |
Модар | Diang of Persia[d] |
Эътиқод | маздаясно |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Балош (порсии миёна: 𐭥𐭥𐭣𐭠𐭧𐭱𐭩, Wardākhsh/Walākhsh; асри V — 488) — шоҳаншоҳи Сосонӣ (484—488), писари Яздгирди II. Вай пас аз Пирӯз ба шоҳӣ расид. Дар рӯзгори ӯ мӯбадони зартуштӣ аз шоҳ ва дарбор нерӯи бештаре доштанд..
Баъд аз марги бародараш Фирӯз (Пирӯзи I) ба тахти подшоҳӣ нишаста, солҳои 484—488 ҳукмронӣ кардааст. Дар ин айём барои тасхири Арманистон ҷанг идома дошт. Балош бо ҳокими Арманистон аҳдномаи сулҳро ба имзо расонд, ки тибқи он масеҳият дини расмии Арманистон эълон гардид ва идораи ин сарзамин ба дасти Балош гузашт. Дар соли 488 Балошро Сосониён аз подшоҳӣ маҳрум карда, кӯр намуданд. Тахту тоҷи подшоҳӣ насиби писари Фирӯз — Қубоди I гардид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Балош / Қ. Расулиён // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.