Балхаш
Макон | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Балха́ш (Балка́ш[1][2]; қаз.: Балқаш) — кӯли сарбаста ва ширинобе дар қисми шарқии Қазоқистон.
Ном
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ҳамин ном дар соҳили кӯл шаҳр дар вилояти Ҷезқазғани Ҷумҳурии Қазоқистон вуҷуд дорад. Маънои луғавии ин гидроним мусаффои оби кӯл аст ва вожаи Балхаш ба забонҳои қадимаи эронӣ мутааллиқ аст[3].
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар пастии васеъи Балхашу Алокӯл, дар баландии 340 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масоҳ. 18,2 ҳазор км2, дарозиаш 614 км, бараш ба ҳисоби миёна 30 км, дар қисми шарқӣ 9–19 км, ғарбӣ то 74 км. Ҷойи амиқтаринаш то 26,5 м. Ҳаҷми обаш 110 км3, масоҳ. ҳавзааш қариб 500 ҳазор км2. Ба Балхаш дарёҳои Или, Қаротол, Оқсу, Лепси ва ғ. мерезанд. 43 ҷазира дорад, калонтаринашон Басаралу Тасарал. Нимҷаз. Сариесик Балхашро ба ду қисм – ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мекунад.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими атрофи кӯл биёбонист. Ҳарорати моҳи июл ба ҳисоби миёна 24°С, январ –8°С. Миқдори бориши солона ба ҳисоби миёна 120 мм. Аз ох. ноябр то миёнаи апр. ях мебандад. Соҳилҳои шимолии кӯл баланду шахдор, ҷанубиаш пасти регзору найзор. Соҳилҳояш бениҳоят каҷу ноҳамвор. Оби қисми ғарбии Балхаш шӯр, шарқиаш ширин. Олами ҳайвоноташ ғанӣ аст. Дар Балхаш 20 навъи моҳӣ мавҷуд буда, ширмоҳӣ, аломоҳӣ, фукмоҳиҳои холдору якранг, лабдӯр ва голян танҳо дар Балхаш вомехӯранд. Дар Балхаш асосан суфмоҳӣ, зағорамоҳӣ, ширмоҳӣ ва симмоҳӣ шикор мекунанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Балхаш киштигард аст. Истгоҳҳои асосиаш – Бурулбайтал ва Балхаш. Дар соҳили шимолиаш кони калони мис ҳаст. Солҳои охир аз сабаби рехтани партови Комбинати металлургияи кӯҳии мисгудозӣ оби кӯл ифлос шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Казахстан. Общегеографическая карта (масштаб 1:3 000 000). — Роскартография, 2011.
- ↑ Балхаш или Балкаш // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
- ↑ Ҳомидов Д.Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 122. — 470 с. (тоҷ.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Балхаш // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Дигар мазмунҳо: саҳифаи мавҷуднабуда нишон дода шудааст
- Қуттӣ дар Геоқуттӣ: пур кардан: Ном
- Википедия:Мақолаҳои ҷуғрофӣ бе нишон додани кишварҳо
- Кӯлҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: дар порсол
- Қуттӣ дар Геоқуттӣ: пуркунӣ: Минтақа
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Баландӣ аз сатҳи баҳр: ишорашуда дар Викидода
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Масоҳат: ишорашуда дар Викидода
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Масоҳати обанбор: ишорашуда дар Викидода
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Дарозӣ: ишорашуда дар Викидода
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Бар: ишорашуда дар Викидода
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Ҳаҷм: указан в Викиданных
- Кӯлҳои Қазоқистон
- Ҷуғрофияи Қазоқистон