Jump to content

Бандбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бандбозӣбозии қадимии тоҷикии наврасону ҷавонон.

Он дар ҷойҳои васеи ҳамвор доир мегардад. Барои бозӣ 5–8 банди 1, 5–2-метра лозим аст. Ҳаракатҳои асосиаш ҷастан ва давидан. Бозигарон (писарону духтарон) дар майдоне барои худ чоркунҷа ё доираҳо мекашанд, ки аз ҳамдигар 1–2 қадам дуранд. Аз байнашон як нафар роҳбар таъйин мешавад, ки бо навбат бозигаронро яктогӣ ба доираҳои кашидашуда тақсим менамояд. Бо фармони якуми роҳбар бозигари таъйиншуда (аз даруни доира) бо даст ду нӯги бандро медорад ва миёнаи онро зери пой монда, тайёр мешавад. Бо фармони дуюми роҳбар вай бандбозиро (ҷаҳак-ҷаҳак) сар мекунад. Баробари ба ягон ҷойи бадан расидани банд бозигар зуд ҷойи худро ба нафари дигар медиҳад. Ҳамин тавр бозӣ идома меёбад. Натиҷаи бозӣ аз кам хато кардани бозигар вобаста аст.

  • Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Д., 1983.