Бан (Интернет)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Бан (англ. ban, /bæn//bæn/ — манъ кардан, ғайриқонунӣ эълон намудан) — манъкунии барномаи интернет-захираи муайян аз ҷониби маъмур ё модератори сайт, яке аз усулҳои назорати истифодабарандагон дар Интернет. Одатан тавассути бан баъзе ҳуқуқҳои истифодабрандагон маҳдуд мешавад ё онҳо тамоман маҳрум карда мешаванд (ташкил ва фиристодани ахбор, ташкили мавзӯъҳои нав дар веб-форум, фиристодани ахбор ба воситаи чат, шарҳу эзоҳ дар блогҳо ва ғайра). Ин имкон бо мақсади ҳимоя намудани интернет-сайт аз троллҳо, спамерҳо, вандалҳо ва дигар ашхосе, ки ахбори онҳо ба фаъолияти манбаъ зарароваранд, ҷорӣ карда шудааст.

Бан, одатан, дар дохили як веб-сайт амал мекунад. Доираи амалҳои манъкунандаро нисбат ба истифодабарандагон ба воситаи Б. соҳибони сайтҳо муайян мекунанд. Воридшавандагони сайт пешакӣ дар бораи он амалҳое, ки нисбат ба онҳо бан қабул карда шудааст, огоҳ карда мешаванд. Огоҳӣ, одатан, дар матни қарордоди истифодаи сайт мавҷуд буда, аз ҷониби муштарӣ хондаву имзо карда мешавад.

Бан муваққатӣ ва доимӣ буда, истифодабарандаи манъшуда аз рӯйи қайдҳои ҳисобгирӣ ё IP-нишонӣ муайян карда мешавад.

Бан яке аз «тадбирҳои қатъӣ» буда, аз ҷониби соҳибони сайт ҳамчун воситаи мубориза бо истифодабарандагони афкори номатлуб истифода мешавад. Аз ин рӯ, бан метавонад боиси баъзе муноқишаҳо, харобкориҳои ваҳшиёна ё «ҷангҳои ботҳо», ҳуҷуми хакерҳо баҳри хориҷ намудан ё тағйир додани манбаъ гардад.

Камбуди бан дар он аст, ки асосан ба як қайди баҳисобгирии истифодабаранда таъсир мекунад ва дар манбаъҳои бақайдгирии озод истифодабаранда метавонад амалҳои худро таҳти қайди нав давом диҳад. Истифодаи Б. нисбат ба IP-нишонӣ низ аз нуқсон орӣ нест. Чунки истифодабаранда метавонад ба тавассути прокси-сервер амал кунад ё нишонии худро бо дигар тарз тағйир диҳад. Аз тарафи дигар, аз ин амал метавонанд диг. истифодабарандагон низ зарар бинанд.

Намудҳои бан[вироиш]

  • «Мут» (аз англ. mute). Ин ба манъ кардани муошират (умумӣ ё танҳо ба воситаи микрофон). Аз ҳама бештар дар бозиҳо истифода бурда мешавад.
  • Низоми огоҳкунандаи кортӣ ё баллӣ (вобаста ба афзалияти мудири сайт), барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи сайт ба истифодабаранда корти махсус нишон дода мешавад. Пас аз гирифтани якчанд корт, дастрасии истифодабаранда ба сайт маҳдуд карда мешавад. Намунаҳои машҳури истифода чунин низом:
    • Википедиа (дар бахшҳои забонии мухталиф) — пас аз чанд радсозии шаблони огоҳиҳо барои харобкорӣ, ё дигар вайронкуниҳо;
    • TransPhoto — барои вайронккунӣ холҳои ҷаримавӣ дар категорияҳои гуногун пешниҳод карда мешавад, ҳангоми гирифтани 200 хол дар як категория ҳисоб баста мегардад.

Таърихи пайдоиш[вироиш]

Қаблан бан ба маънои: (дар суханронии Посполит) бадарға аз подшоҳӣ бо қарори суд.

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

  • HTTP
  • Муҳосираи IP
  • Википедиа: Муҳосира — тавсифи бан дар Википедиа.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Жуков Ю. Основы веб-хакинга. СПб., 2011;
  • Симонович С. В., Евсеев Г. А., Алексеев А. Г. Специальная информатика. М., 1999.

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]