Барзагов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Барзагов (аз барз — зироат, деҳқонӣ), гови варза, варзагов — гови нар, ки ахта карда шудааст. Барзагов барои ҷуфтронӣ, хирманкӯбӣ, чигинакашӣ ва диг. корҳои деҳқонӣ мувофиқ аст. Барзаговҳо, одатан, оромтабиат буда, зуд фарбеҳу нерӯманд мешаванд. Буққачаҳоро аз 8-12-моҳагӣ ахта мекунанд. Давраи мусоидтарин барои ахта кардани онҳо фасли тирамоҳ ва авв. баҳор аст. Барзагов, маъмулан, дар ҷойҳое кор фармуда мешавад, ки истифодаи мошину трактор номумкин бошад. Барзаговро аз 2-солагӣ ва дар маҷмуъ 8-9 сол кор мефармоянд. Пӯсти барзагов (50-60 кг) чарми ғафси хушсифат медиҳад.

Heading text[вироиш]

Ниг. низ Ҳайвони корӣ.


Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]