Барзуи Деҳқон
«Барзуи Деҳқон» (форсӣ: برزوئ دهقان, номҳои дигараш «Барзу», «Қиссаи Барзу», «Рустам ва Барзу» — достонест мутааллиқ ба адабиёти даҳанакии халқ, ки аз достони китобии «Барзунома» манша гирифта, дар байни мардумони форсизабони Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон аз охири садаи 17 то охири садаи 20 маълуму машҳур будааст.
Имрӯз (ибт. садаи 21) хондан ва нақли достон кам шудааст. Дар Эрон ин достон ба номи «Рустам ва Барзу» шуҳрат доштааст ва баъзе нусхаҳои онро муҳаққиқи адабиёти шифоҳӣ Инҷавии Шерозӣ гирд оварда, дар китоби «Фирдавсинома» ба табъ расондааст. «Барзуи Деҳқон» дар байни тоҷикон аслан ба воситаи «Шоҳнома»-ҳои мансур, махсусан «Баҳр-ут-таворих»-и Вораси Бухороӣ (а. 17) паҳн ва вирди забон гардидааст. Достонро баъзе гӯяндагони Хуҷанд, Панҷакент, Ҳисор, Самарқанд, Бухоро, Бойсун ва диг. ҷойҳо аз забони Файзуллоев Муллошариф (1888–1972), Ҷӯра Камол (1921–97), Қаҳҳор Раҳмон (1931–2005), Ҳомид Шариф (тав. 1936), Воҳид Шариф (тав. 1941), Равшан Камолов (тав. 1956) ва диг. шунида ба ёд доранд ва нақл мекунанд. Як нусхаи «Барзуи Деҳқон» дар Тоҷикистон ба табъ расидааст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рустам ва Барзу // маҷ. Мардумгиёҳ. 1993, № 2;
- Қиссаҳо пиромуни Фирдавсӣ ва қаҳрамонҳои «Шоҳнома». Д., 1996;
- Раҳмонӣ Р., «Достони Барзу» дар гуфтори Ҷӯра Камол. Д., 2007;
- فردوسی نامه. (مردوم و فردوسی). تهران، ۱۳۷۸ هـ. ش.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.