Баҳр-ут-таворих
Унсури холии Викидода |
«Баҳр-ут-таворих» (ар. بحرالتواریخ) — шоҳномаи мансурест мутааллиқ ба Ворас Муҳаммад Абулбақои Бухороӣ, ки байни солҳои 1715—1740 навишта шудааст.
Муҳтаво
[вироиш | вироиши манбаъ]Асоси «Баҳр-ут-таворих» «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад, вале нигоранда дар доираи ин асар маҳдуд нашуда, аз асарҳои дигари таърихӣ ва ҳамосаҳои манзуму мансур истифода бурдааст. Аз ҷумла, дар охири китоб достони Барзу — писари Суҳроб омадааст, ки он дар «Шоҳнома» нест. Ҳамчунин «Достони қаландар шудани Баҳман ва кушта шудани ӯ ба дасти Барзу», «Достони рафтани Барзу ба қалъаи Ганҷурия ва мусаххар кардани ӯ филтанонро», нақлу ривоятҳо, достонҳои Атрат, Гаршосп, Ибнулғайб — писари Рустам ва ғ. дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба назар намерасанд. Баъзе лаҳзаҳои «Баҳр-ут-таворих» аз «Шоҳнома» фарқ доранд. Мас., дар «Баҳр-ут-таворих» омадааст, ки Таҳмина мехоҳад барои куштани Суҳроб аз Рустам интиқом бигирад, вале ин корро иҷро карда наметавонад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рафти амалиёт ба ин тариқ сурат нагирифтааст. Дар баъзе маворид махлутшавии қиссаву достонҳои эронии пешазисломӣ бо достонҳову қиссаҳои исломӣ ба назар мерасад. Мас., нахустин подшоҳи эронӣ — Каюмарс дар «Баҳр-ут-таворих» «Каюмарс ибни Одам» ном гирифтааст. Дар баъзе саҳифаҳои «Баҳр-ут-таворих» ишораҳое аз қабили «Вассоф дар таърихи худ овардааст», «соҳибони таърих мегӯянд», «Музаффар… дар таърихи худ овардааст…» ва ғ. ба назар мерасанд.
Манбаи дигари «Баҳр-ут-таворих» нақлу ривоятҳо, қиссаҳо ва афсонаҳои мардумӣ мебошанд, ки ба манбаи асосии китоб — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ илова гардидаанд. Муаллифи «Баҳр-ут-таворих» аз ҳамкасбони худ — қиссагӯён ва ровиён Мулло Муҳаммади Саҳбо, Мулло Пӯлоди Самарқандӣ, Мулло Абдуллоҳ, Мулло Қаландари Фақеҳ ва диг. ёдовар шудааст. Аз ин бармеояд, ки Ворас дар асари худ аз қиссаҳову достонҳои онон ҳам истифода кардааст. Ворас, ки худ қиссахон буд, «Баҳр-ут-таворих»-ро асосан барои шунаванда навишта будааст. Дар нусхаҳои дастрасшуда сарлавҳаҳо, ибораҳои бо ранги сурх навишташудаи «Акнун ӯро дар омадан монед, аз Сиёмак шунавед», «Аз Таҳмураси Девбанд, ки вологуҳар ва ахтарбаланд буд, шунавед», «Акнун аз авлоди ҳазрати Шиш шунавед», «Акнун фасле аз Ҷамшед шунавед», «Ҷамшедро дар он ҷо гузоред, аз Гуранг бишнавед» ва ғ., ки исботи ин даъвоянд.
«Баҳр-ут-таворих» яке аз манбаъҳои муҳимми суннатҳои мардумии садаҳои 17-18 ба шумор меравад. Муаллифи асар оид ба расму ойин, номҳои ҷуғрофӣ, наботот, меваҳо, ғизоҳо, абзори ҷангӣ, асбоби касбу кор ва ғ. маълумот додааст. «Баҳр-ут-таворих» бо забони сода, ба фаҳми мардум наздик навишта шудааст. Аз зарбулмасалҳову мақолҳо, таъбирҳои шоирона, аз пораҳои манзуми мутааллиқ ба шоирони даврони пешин ва аз эҷодиёти худаш истифода карда, матни мансурро музайян сохтааст.
Китоби «Баҳр-ут-таворих» дар байни тоҷикон дар асрҳои 18-19 машҳур будааст. Нусхаи аслии асар — навиштаи Ворас то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Якчанд нусхаи комил ва ноқиси «Баҳр-ут-таворих» дар китобхонаҳои кишварҳои гуногун, аз он ҷумла дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ (№ 950), Институти шарқшиносии Ӯзбекистон (№ 2921), Китобхонаи Ибни Синои шаҳри Бухоро (№ 9) мавҷуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳр-ут-таворих / Р. Раҳмонӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Акрамов А.. Шоҳномаи мансури халқӣ ва шоҳномахонон //маҷм. Армуғони олимони ҷавон. Д., 1966;
- Раҳмонӣ Р.. «Баҳр-ут-таворих»-и Вораси Бухороӣ ва шоҳномахонӣ // «Садои Шарқ». № 3, 2012.