Jump to content

Баринштейн Леон Аврамович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баринштейн Леон Аврамович

Баринштейн Леон Аврамович (1893, Житомир1976, Киев) — ҷарроҳ, доктори иилмҳои тиб (1939), профессор (1935).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкадаи тиббии шаҳри Одессаро хатм намуда, (соли 1922), дар ҳамон ҷо ассистент, дотсент, мудири кафедраи ҷарроҳӣ буд. Соли 1939 ба Тоҷикистон даъват шуда, дар Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт, чун асосгузори кафедраи ҷарроҳии факултавӣ дар тарбияи нахустдухтурони касбии Тоҷикистон ҳисса гузошт. Баринштейн муассиси Бунгоҳ (стансия)-и ҷумҳуриявии хунгузаронӣ (ҳоло Маркази илмии ҷумҳуриявии хун) мебошад. Аз мутахассисони барҷастаи бахши осебшиносӣ буда, оид ба усулҳои ғайриҷарроҳии ҷо ба ҷо кардани устухонпораҳо, ба ҷояшон андохтани устухонҳои баромада ва ғ. пажӯҳишҳо анҷом додааст. Аз соли 1946 то ох. умр дар донишкадаҳои тиббии шаҳрҳои Житомиру Киев фаъолият доштааст.