Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Барит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барит
ФормулаBaSO4
ПримесьSr,Ca,P
Физические свойства
ЦветЧаще всего белый или бесцветный
Цвет чертыБелая
БлескСтеклянный
Твёрдость3 — 3,5
ИзломНеровный
Плотность4,48 г/см³
СингонияРомбическая (планаксиальная)
Показатель преломления1,63

Бари́т (аз юн.-қад. βαρύς — вазнин), шпати вазнин — минерали барий аз синфи сулфатҳо, формулаи шимиаш BaSO4.

Дар силсилаи ромбӣ кристалл мебандад. Ба намуди массаи кристаллии яклухт, друза ва агрегатҳои зичи донадор бештар вомехӯрад. Ранги он вобаста ба моддаҳои таркибаш сафед, хокистарӣ, сурх, бӯр, кабудтоб мешавад. Сахтиаш 3-3,5; зичиаш 4300-4700 кг/м3, нишондиҳандаи шикаст 1,63, ҷилояш шишагун. Дар конҳои ҳидротермалӣ бо галенит, сфалерит, халкопирит, флюорит, кварс, калсит ёфт шуда, ҳамчун кони алоҳида низ дучор меояд. Дар ҷинсҳои таҳшинӣ ҳамроҳи калсит, доломит, ангидрит ва ғ. вомехӯрад. Кристаллҳои шаффофи барит барои асбобҳои оптикӣ, муҳофизат аз афканишоти рентгенӣ, рӯпӯш кардани изолятсия дар истеҳсолоти кимиёӣ (барои устувории кимиёияш, хусусан ба кислотаи сулфат), дар саноати кимиё, хӯрокворӣ, коғаз, резина, кулолӣ ва ғ. истифода мешаванд. Конҳои хурди барит дар ҶТ ёфт шудаанд.