Jump to content

Владимир Бармин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бармин, Владимир Павлович)
Владимир Бармин
Таърихи таваллуд 4 (17) март 1909
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 июл 1993(1993-07-17) (84 сол) ё 18 июл 1993(1993-07-18)[1] (84 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Q97663221?
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр Ордени Кутузов дараҷаи I ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Медали «Барои мудофиаи Москва» Jubilee Medal "Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» медали «Ветерани меҳнат» Jubilee Medal "50 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "60 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "70 Years of the Armed Forces of the USSR" Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
Мукофоти ленинӣ Ҷоизаи давлатии СССР Мукофоти сталинӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор
Тӯҳфаи Владимир Бармин дар рӯзи 70-солагиаш, маҷмааи оғози мушак дар миниатюра

Влади́мир Па́влович Барми́н (4 (17) марти соли 1909, Москва17 июли соли 1993, Москва) — олими шӯравӣ, яке аз асосгузорони кайҳоннавардии шӯравӣ, конструктори таҷҳизоти корандози реактивӣ, маҷмӯъҳои мушакию кайҳонӣ ва ҷангии стартӣ (партоб).

Академики АИ ИҶШС (аз соли 1966, аз соли 1991 — академики  АИ Русия), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1956). Барандаи мукофоти Ленинӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1909 дар Москва таваллуд шудааст, омӯзишгоҳ воқеӣ, сипас Донишкадаи механикӣ-мошинсозии Маскавро хатм кардааст.

Аз соли 1931 дар Омӯзишгоҳи олии техникии Маскав дарс медод (аз соли 1960 профессор).

Аз охири соли 1940 сарконструктори заводи «Компрессор», ки баъди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои истеҳсоли тиру тӯпи реактивӣ ва таҷҳизоти корандози БМ-8, БМ-13 («Катюша») мутобиқ карда шуда буд. Баъди ҷанг ба Бюрои давлатии махфии конструктории «Спетсмаш» (корхонаи истеҳсоли маҷмӯаи заминии мушакӣ) сарварӣ карда, ба Шӯрои сарконструкторон, ки С. П. Королев ташкил карда буд, шомил гардид. Аз соли 1947 таҳти роҳбарии Бармин барои мушакҳои Королев (Р-1, Р-2, Р-11, Р-5, Р-5М) маҷмааҳои корандоз бунёд карда шуданд, ки Р-5М нахустин мушаки стратегии дорои заряди ядроӣ буд.

Соли 1957 бунёди нахустин дар ҷаҳон маҷмааи корандози мушакҳои баллистикии байниқитъавии Р-7 анҷом дода шуданд, ки ба мадори Замин аввалин радифи маснӯи Замин ва кайҳоннавард Юрий Гагаринро баровардааст.

Ғайр аз ин, бо иштироки Бармин маҷмааҳои шахтавӣ барои мушакҳои ҷангии Р-12, Р-14, Р-9А, УР-100 сохта шуданд. Таҳти роҳбарии Бармин маҷмааҳои корандоз барои ҳомилони мушакҳои «Протон» ва системаи мушакии кайҳонии истифодааш чандкаратаи «Энергия–Буран» ихтироъ ва бунёд гардиданд.

Бо роҳбарии Бармин таҷҳизоти хокгир барои таҳқиқоти Моҳ ва Зӯҳра сохта шуданд. Бо ёрии яке аз чунин таҷҳизотҳо намунаи хоки Моҳ аз чуқурии 2,5 м гирифта, ба Замин оварда шудааст. Бо ёрии таҷҳизоти дигар аз се нуқтаи сатҳи Зӯҳра намунаҳои хок гирифта, ба тавассути канали радио маълумоти илмӣ дар бораи таркиби кимиёии он фиристода шуд. Бармин инчунин оид ба масъалаҳои компрессорсозӣ ва техникаи яхдонҳо асарҳо таълиф кардааст.

Владимир Бармин соли 1993 вафот карда, дар гуристони Новодевиче дар Маскав дафн гардидааст[3].

Мукофот ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1957).
  • Чор карат Мукофоти Давлатии ИҶШС (1943, 1967, 1977, 1985).
  • Бо 6 ордени Ленин (1943, 1956, 1959, 1961, 1969, 1979), орденҳои Револютсияи Октябр (1971), ордени Кутузов дараҷаи I (16.09.1945), ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1944, 1975) ва медалҳо сарфароз гардидааст.
  • Ба ифтихори Бармин астероид Владбармин (1978 TV2, 22254 Vladbarmin[4]) номгузорӣ шудааст.
  • 4 октябри соли 2016 дар Корпоратсияи давлатии "Роскосмос" ифтитоҳи тантанавии лавҳаи ёдгории хотираи академик Владимир Павлович Бармин баргузор гардид[5].
  1. Find a Grave (ингл.) — 1996.
  2. Бармин Владимир Павлович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  3. Могила В.
  4. JPL Small-Body Database Browser
  5. Новости. РОСКОСМОС. Владимир Бармин. Мы помним. Роскосмос (4 октябри 2016). 9 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 ноябри 2016.