Барнаул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳри Русия
Барнаул
Барнаул
Парчам[d] Нишон[d]
Парчам Нишон
Кишвар

Русия

Вилоят

Вилояти Олтой

Координатаҳо

53°21′24″ а. шим. 83°47′14″ т. ш.HGЯO

Мэр

Q23655943?

Таъсис

соли 1730

Масоҳат

322,01 км²

Аҳолӣ

635 585ҳ нафар нафар

Коди телефон3852
Нишонаи почта

656ххх

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Барнаул дар харитаи
Барнаул
Барнаул

Барнаул (русӣ: Барнаул) — шаҳр дар Федератсияи Русия, маркази маъмурии кишвари Олтой (аз соли 1937). Дар ҷануби Сибири ғарбӣ, дар ҷои якшавии дарёи Об ва дарёи Барнаулка воқеъ аст. Мақоми шаҳр аз соли 1771.

Аҳолиаш 635 585[1] нафар, бо сокинони атрофаш 776,1 ҳазор нафар (2012). Масоҳаташ 321 км2. Маркази роҳи оҳан, бандари дарёӣ ва аэропорти байналмилалӣ дорад.

Таърих[вироиш]

Дар солҳои 30 асри 18 таъсис ва соли 1971 ба шаҳр табдил ёфтааст. Аз соли 1822 маркази округи Олтойи кӯҳист. Дар нимаи дуюми асри 19 Барнаул маркази бузургтарини Олтой ба ҳисоб мерафт. Саноати косибӣ, ордкашӣ, чармгарӣ ва истеҳсоли пӯстинҳои гӯсфандӣ тараққӣ карда буд. Аз соли 1917 маркази Губернияи Олтой. Соли 1930 дар Барнаул нахустин дар Сибир комбинати истеҳсоли газвори пахтагин сохта шуд, ки дар он асосан пахтаҳои Осиёи Миёна коркард мешуд. Дар давраи ҶБВ (1941–1945) корхонаҳо аз ноҳияҳои ғарбӣ кӯчонда шуданд.

Саноат[вироиш]

Барнаули имрӯза маркази муҳимми саноати мошинасозӣ, кимиё, саноати сабук ва маркази мадании Сибири Ғарбӣ аст. Истеҳсоли дегҳои буғӣ барои нерӯгоҳҳои барқӣ, таҷҳизот барои саноати истеҳсоли нафт, дизелҳо, дастгоҳҳои филиззбурӣ, таҷҳизоти механикӣ ва радиотехникӣ ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои калони таъмири қатора, киштӣ, фабрикаи гӯгирд, комбинатҳои резин, нахи сунъӣ ва бофандагӣ дорад. Тибқи нақша соли 1785 Барнаул мунтазам тараққӣ мекард, биноҳои муҳташами чӯбин қомат афрохта, сохилҳо мустаҳкам карда мешуданд. Дар асри 19 маҷмӯи майдони Демидов, бинои заводи нуқрагудозӣ, табобатгоҳи ҳарбӣ (госпитал) (1819–1940), матбаа (1824), театр, ташхисгоҳ (1840), омӯзишгоҳи кӯҳӣ сохта шуданд.

Маориф[вироиш]

Айни замон дар Барнаул Донишгоҳи Олтой, донишгоҳҳои техникӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, педагогӣ, Донишкадаи санъати Олтой, театрҳои мухталиф, филармония, қасри варзиш, осорхонаи

Матбуот[вироиш]

Дар Барнаул 6 нашрияҳои чопии бузург, аз ҷумла «Алтапресс» фаъолият дошта, ба нашри мунтазами рӯзномаву маҷаллаҳо чун «Свободный курс», «Купи-Продай», «Молодёжь Алтая», «Вечерный Барнаул», «Маркер-Экспресс», «Автограф», «Монитор+», «Алтайская правда» мусоидат мекунанд.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Сарчашма[вироиш]