Барномаи зиддивирусӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Барномаи зиддивирусӣ (антиви́рус) — барномаест барои ошкор кардани вирусҳои комютерӣ ва умуман барномаҳои нозарур (ки зарарнок маҳсуб мешаванд) ва барқарор намудани файлҳое, ки аз чунин барномаҳо сироят ёфтаанд.

Антивирус инчунин барои пешгирии сироятёбии файлҳо ва системаи амалиётӣ бо ёрии ваксинатсия истифода мешавад. Таъминоти барномавии антивирусӣ аз зербарномаҳо иборат буда, барои ошкору пешгирӣ кардани афзоиш ва бартарафсозии вирусҳои компютерӣ, инчунин дигар таъминоти барномавии зарарнок таъйин шудаанд. Барои таъминоти барномавии антивирусӣ, одатан, ду тарзи аз ҳам фарқкунандаро истифода мебаранд. Тарзи якум аз аксбардории файлҳо барои ошкор кардани вирусҳои маълум иборат аст, ки ба қоидаҳои дар хазинаҳои антивирусӣ муайяншуда мувофиқат мекунад. Бо тарзи дуюм рафтори барномаи дилхоҳро, ки ба рафтори барномаи сироятёфта монанд аст, ошкор менамоянд. Бо тарзи якуми барномаи антивирус файлро таҳлил намуда, ба хазинаҳои антивирусӣ, ки истеҳсолкунанда таҳия кардааст, муроҷиат мекунанд. Дар ҳолати мувофиқат кардани ягон қисми рамзи вирусии файли баррасишаванда дар хазина барномаи антивирус бо дархост файли сироятёфтаро ихтисор мекунад, ё онро дастнорас мегардонад, ё барои коркард маҳдуд месозад ва ё муолиҷа менамояд, яъне вирусро аз файл берун мекунад. Ҳарчанд барномаҳои антивирусӣ дар шароитҳои мӯътадил компютерҳоро аз сироятёбӣ бо вирус муҳофизат мекунанд, муаллифон вирусҳои нав ба нав (олигоморфӣ, полиморфӣ ва метаморфӣ) офарида, қисмҳои онҳоро чунон бо рамзҳо ифода мекунанд, ки ошкор карданашон торафт мушкил мегардад. Хазинаи антивирус мунтазам аз ҷониби муаллифони вирусҳо нав карда мешавад. Истифодабарандагони антивирус низ онро зуд-зуд бояд нав кунанд.

Асоси тарзи дуюм санҷиши рафтори барномаҳо (тамоюл аз амали дурусти онҳо) мебошад. Вақте ки компютер кори барои антивирус хавфнокро иҷро карданӣ мешавад, амали он қатъ мегардад ё истифодабаранда аз хатари ин барнома хабардор мешавад. Бар хилофи тарзи якум ин тарз барои муайян кардани вируси дар хазинаи антивирусӣ мавҷуд набуда кумак мерасонад.

Барномаҳои антивирусӣ камбудиҳои бисёр доранд. Ягон технологияи антивирусии мавҷуда компютерро пурра аз вирусҳо муҳофизат карда наметавонад. Барномаи антивирусӣ як қисми ҳисобкунии системаи компютерро ишғол мекунад, хусусан кори компютерҳои камиқтидор боз ҳам сусттар мешавад. Барои ошкор кардани чунин вирусҳо барномаҳои антивирусии пурқувват заруранд. Феълан телефонҳои мобилӣ (телефонҳое, ки системаи хазинаи амалиётӣ, ба монанди Symbian, Windows Mobile, Blakberry, iPhone OS доранд) низ бо вирус сироят ёфта метавонанд. Барои муҳофизати телефонҳо аз вирусҳо низ аз ҷониби таҳиягарон барномаҳои антивирусӣ пешниҳод карда мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]