Қобиламоҳ Баротова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баротова Қобиламоҳ)
Қобиламоҳ Баротова
Таърихи таваллуд 1907(1907)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ
Таърихи даргузашт 7 ноябр 1983(1983-11-07)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон
Ҷоизаҳо
Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ»

Қобиламоҳ Баротова (1907, деҳаи Вишхарви ноҳияи Ванҷ — 7 ноябри 1983, ҳамон ҷо) — аз ҷумлаи аввалин занони фаъоли барпокунандагони сохти нави хоҷагидории колхозӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи деҳқон. Фаъолияти кориаш барвақт оғоз ёфтааст. Дар баробари барпо шудани аввалин колхозҳо (1920-30), Қобиламоҳ Баротова аз ташкилотчиёни хоҷагидор маҳсуб гардид. Солҳои 1943—1957 раиси Правленияи Колхози ба номи И. В. Сталин интихоб шуда буд. Колхоз, таҳти сарварии ӯ дар муддати кӯтоҳ ба пешқадамтарин хоҷагии вилоят табдил ёфт. Солҳои 1946—1954 дар ду даъват депутати Шӯрои Олии ИҶШС интихоб гардид. Чун фаъолтарин сарварони хоҷагӣ дар миқёси умумииттифоқ ба обрӯю эътибори хосса соҳиб шуда, аъзои Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон, вакили съездҳои XVIII—XIX КПСС буд.

Ордену ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва чандин медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]