Бароъати истеҳлол
Бароъáти истеҳлóл (аз ар. براعت استهلال; бароъат – санъат, малака, дониш ва истеҳлол – гиряи нахустини кӯдак пас аз таваллуд, оғоз, сарсухан) — дар илми бадеъ яке аз санъатҳои бадеии маънавист.
Талаботи санъат
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи талаботи ин санъат нигоранда дар дебочаи китоб, оғози асар, қасида, достон ва ғайра суханонеро меорад, ки ба воситаи онҳо хонандаро ба мазмуни асар, ба муҳтавиёти он роҳнамоӣ мекунад. Бад-ин васила байни муқаддимаи асар ва бахши асосии он таносуби иҷмолӣ ва тафсил ба вуҷуд оварда мешавад.
Намунаҳои бароъат
[вироиш | вироиши манбаъ]Беҳтарин намунаи бароъати истеҳлол «Дебоча»-и «Гулистон»-и Саъдӣ дониста шудааст, ки дар он омадааст: «...ҳар чӣ напояд, дилбастагиро нашояд.... Барои нузҳати нозирон ва фусҳати хотирон китоби «Гулистон» тавонам тасниф кардан, ки боди хазонро бар варақи ӯ дасти татовул набошад...». Ин қабил шиносонидани асарҳо ва ба мутолиаи асар ҷалб намудани хонанда дар осори аксар шоирони классики форс-тоҷик ва муосир ба назар мерасад. Масалан, Фирдавсӣ дар оғози достони «Суҳроб» («Рустам ва Суҳроб») абёти зеринро оварда, хонандаро ба мутолиаи достон даъват мекунад:
- Кунун разми Суҳробу Рустам шунав,
- Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав.
- Яке достон аст пуроби чашм,
- Дили нозук аз Рустам ояд ба хашм.
- Агар тундбоде барояд зи кунҷ,
- Ба хок афганад норасида турунҷ.
- Ситамгор хонам-ш, ар додгар,
- Ҳунарманд хонам-ш, ар беҳунар.
- Агар марг дод аст, бедод чист?
- Зи дод ин ҳама бонгу фарёд чист?
«Найнома»-и Ҷалолуддини Румӣ (оғози «Маснавии маънавӣ») низ намунае аз бароъати истеҳлол мебошад. Санъати бароъати истеҳлолро дар оғози достони «Кремл»-и Абулқосим Лоҳутӣ, «Садои Осиё»-и Мирзо Турсунзода ва ғайра дидан мумкин аст. Дар оғози достони «Садои Осиё» омадааст:
- Осиё гӯяд сухан овози онро бишнавед,
- Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зеҳнӣ Т. Санъати сухан. Д., 1979;
- Мирзозода Х. Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ. Д., 1992;
- محمد شریفی. فرهنگ ادبیات فارسی. تهران، ۱۳۸۷ هـ. ش
- کزازی، میرجلالالدین، زیباشناسی سخن پارسی ۳: بدیع، تهران: کتاب ماد، چاپ دوم، ۱۳۷۳خ.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бароъати истеҳлол // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.