Jump to content

Бароқхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бароқ
Хони Муғул

Таваллуд асри XIII
Даргузашт 1271
Дудмон Chingissid[d]
Падар Yesü Nto'a[d]
Фарзандон Duwa[d]
Эътиқод ислом

Бароқхон, Буроқхон — хони муғул аз дудмони ҷағатоӣ дар Осиёи Марказӣ, абераи Чағатой, писари Мутегин. Солҳои ҳукуматаш 1264 — августи 1271).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш дар воқеаи маъруфи с. 1252 мустақиман ширкат дошт (ниг. ба «Ботухон»). Бароқхон дар Муғулистон тарбият гирифт ва баъд аз камол аз тарафи хоқони бузург Хубилой (1260—1294) ба Мовароуннаҳр фиристода шуд то волигии Чағониёнро бар уҳда дошта бошад. Аммо то расидани Бароқхон ба Мовароуннаҳр бародарзодаи ӯ ба исми Муборакшоҳ, ки каме паштар исломро пазируфта буд, бар тахти улуси Чағатоиён нишаста буд. Бароқхон ярлиғи қоонро ба Мубаракшоҳ нишон надод ва ба Чағониён рафт ва алайҳи Муборакшоҳ сипоҳ ҷамъ намуд, ки дар натиҷа Муборакшоҳ ночор таслими Бароқхон шуд. Бароқхон пас аз ин пирӯзӣ алайҳи қоони бузург Уктойқоон низ қиём кард ва зимни ҳарб Хутанро тороҷ намуд. Аммо дар баробари шоҳзода Хайду, ки аз тарафи қоон ба Туркистон фиристода шуда буд, шикаст хӯрд. Хайду пешниҳоди сулҳ кард ва дар қурултойи с. 1269 бар он шуданд, ки аз ин ба пас улуси мустақили Чағатоӣ таъсис дода ва дигар тобеи қоони бузург нахоҳад шуд ва хони ин мамлакати ҷадид Хайду аст. Тибқи фармони Хайду амир Масъудбек ба қасди ҷамъоварии хироҷ ба Эрон рафт. Аммо ҳадафи аслии амир Масъудбек баррасии авзои сиёсии улуси Ҳулогухон буд. Пас аз баррасии авзои давлати Ҳулогуиён, Бароқхон (1270) ба Хуросон лашкар кашид, вале дар ҷанги зидди Абоқохон шикаст хӯрд. Пас аз ин воқеа, Абоқохон (с. 1270/71) ба Бухоро лашкар кашида, ин шаҳрро тороҷ кард ва ҳазорон шаҳриён ба қатл расиданд.

Бароқхон дар авохири умраш исломро пазируфт ва ба худ номи султон Ғиёсуддинро интихоб намуд. Вай қабл аз маргаш қасди юриш ба Сиистон кард, вале ин нақшаи ӯ амалӣ нашуд. Сипас Бароқхон хост то шоҳзадогониро танбеҳ бидиҳад ва бо ин ҳадаф ба назди Хайду рафт, вале ӯ Бароқхонро масмум кард. Аммо ба гуфтаи Рашидуддин, Бароқхон дар ин ҷанг пирӯз шуд ва пас аз пирӯзӣ аз Хайду хост, ки бо сипоҳаш ба юрти хеш баргардад, вале Хайду ба Мовароуннаҳр баргашт. Ба гуфтаи Рашидуддин, Хайдухон бо сипоҳаш ба Тошканд расид ва фармон дод то сипоҳи Бароқхонро ба муҳосира бигиранд. Бароқхон гӯё аз тарс фавтид. Хайду таъзияи Бароқхонро тибқи Ёсои Чингизхон бо тамоми эҳтиром ба ҷо овард ва сипас ба юрти хеш баргашт. Тибқи навиштаи Вассоф, Бароқхон с. 668 ҳ. / 1270 вафот кардааст, вале ба гуфтаи Ҷамолуддини Қаршӣ, вафоти Бароқхон дар ибт. с. 670 қ. / 1271 иттифоқ афтод.

  • Бартольд. В. В. Борак-хан. // Бартольд В. В. Сочинения. Т. II. (2). Работы по отдельным проблемам истории Средней Азии. — М., 1964;
  • Бойматов Л. Д. Баракхан. Х. — Д., 1999;
  • Бойматов Л. Д. Социально-экономическое положение Центральной Азии в XIII—XIV вв. Д., 2009.