Барсемдара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Барсемдарадараест дар қисми ҷанубии Бадахшон, дар водии Ғунди ноҳияи Шуғнон.

Бештаре аз қисматҳои он ҳамчун чарогоҳи тобистонӣ, ки мардуми маҳаллӣ онро девлох меноманд, истифода мешавад. Дар Барсемдара буттаҳои настаран ва ангату қоти сиёҳ, дарахтони бед, дӯлона, себи худрӯй мерӯянд. Дар Барсемдара дарёи Шарвидоч, ки манбааш пиряхҳоанд, ҷорӣ гашта, ҳамроҳи чашмаи Хунукоб ба дарёи Ғунд мерезад. Олами ҳайвоноти ғанӣ дошта, харгӯш, гург, рӯбоҳ, нахчир, паланг ва суғур вомехӯранд. Дар поинтари ин дара ғоре пайдо шудааст, ки дар он аз рӯйи пиндори бостоншиносон маъбади зардуштии қадимие воқеъ будааст ва алҳол ҷойгоҳи оташкада ва дигар унсурҳои ин бозёфт мавриди омӯзиши бостоншиносон қарор дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]