Барчид
Зоҳир
![]() |
БÀРЧИД, деҳа дар ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон. Аз Барчид то маркази ноҳия 16 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 711 нафар (2012), тоҷикон. Барчид мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, бунгоҳи тиббӣ, сехи коркарди чӯб, сехи мӯзадӯзӣ, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби Барчиддара обёрӣ мешаванд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.