Бар (воҳиди ченак)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

<table class="infobox infobox-Не указана строка для хеширования. " style="" >

фишор ғайриманзумавӣ Ҳосила эзоҳ баробар 105 Па ё, тақрибан, 1 атм.

Бар (ифодаи тоҷикӣ: бар; байналмилалӣ: bar; аз юн. βάρος — вазнинӣ) — воҳиди ғайриманзумавии фишор ва шиддати механикӣ. Як бар баробари 105 Па[1] ё 106 дин/см² (дар системаи СГС).

Пештар бар воҳиди фишор ва шиддати механикӣ буда, барий ё бария номида мешуд ва баробари 106 дин/см² буд. Ҳоло бар дар илми обуҳавошиносӣ (метеорология) ба сифати воҳиди фишори атмосферӣ истифода шуда, муодили фишори сутуни симобии баландиаш 705,08 мм (дар сатҳи баҳри арзаш 45°) ё 106 дин/см² мебошад. Инчунин воҳидҳои каратии бар: миллибар (мбар) дар метеорология, гектобар (гбар) ва килобар (кбар) дар ҳисоби мустаҳкамӣ ва микробар (мкбар) дар физика мавриди истифода қарор доранд. Таносуби бар бо дигар воҳидҳои фишор чунин аст:

Воҳидҳои фишор
  Паскал
(Pa, Па)
Бар
(bar, бар)
Атмосфераи техникӣ
(at, ат)
Атмосфераи физикӣ
(atm, атм)
Миллиметри сутуни симобӣ
(мм сут. сим., mm Hg, Torr, торр)
Метри сутуни обӣ
(м сут. обӣ., m H2O)
Фунт-қувва
дар дюйми кв.

(psi)
1 Па Н/м2  10−5  10,197×10−6  9,8692×10−6 7,5006×10−3  1,0197×10−4  145,04×10−6
1 бар  105  1×106 дин/см2  1,0197  0,98692  750,06  10,197  14,504
1 ат  98066,5  0,980665  1 кгқ/см2  0,96784  735,56  10  14,223
1 атм  101325  1,01325  1,033 атм  760  10,33  14,696
1 мм сут. сим.  133,322  1,3332×10−3  1,3595×10−3  1,3158×10−3  1 мм сут. сим.  13,595×10−3  19,337×10−3
1 м сут. обӣ  9806,65  9,80665×10−2  0,1  0,096784  73,556  1 м сут. обӣ  1,4223
1 psi  6894,76  68,948×10−3  70,307×10−3  68,046×10−3  51,715  0,70307  1 lbf/in2

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ГОСТ 8.417-2002. Государственная система обеспечения единства измерений. Единицы величин.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Қодирӣ С. Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика. Д., 1985;
  • Денгуб В. М., Смирнов В. Г. Единицы величин (словарь-справочник). М., 1990.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]