Jump to content

Баҳром Фирӯз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бахром Фируз)
Баҳром Фирӯз
Фирӯз Баҳром Бобоевич
Таърихи таваллуд: 1 ноябр 1939(1939-11-01)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт: 25 сентябр 1994(1994-09-25) (54 сол)
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, публисист
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Барандаи мукофоти ба номи С. Айнӣ
Корманди хизматнишондодаи фарҳанг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳром Фирӯз (номи аслӣ Фирӯз Баҳром Бобоевич; 1 ноябр 1939, Самарқанд — 25 сентябри 1994, Хуҷанд) — шоир, нависанда ва публисисти тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони СССР (аз соли 1971).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳром Фирӯз 1 ноябри соли 1938 дар шаҳраки тоҷикнишини Нуратои тобеи шаҳри Самарқанд, дар хонаводаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқанд (1956) ва Институти давлатии педагогии Ленинобод.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Чанде муаллими Институти давлатии педагогии Ленинобод буд. Корманди Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1964—1968, 1972—1978). Мудири шуъбаи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон» 1964-68), маҷ. «Садои Шарқ» (1969), мудири бахши адабиёти бачагону наврасони нашриёти «Маориф» (1978—1980), мудири шуъбаи адабиёти бадеии г. «Маданияти Тоҷикистон» (1980), муҳаррири нашриёти «Маориф» (1981-87), муҳаррири нашриёти «Адиб» (1987-92). Аз соли 1992 то охири умр ходими адабии маҷ. «Сайҳун» буд. Фаъолияти адабии

Баҳром Фирӯз солҳои 60-уми асри XX оғоз шуда, бо номҳои «Розҳои маҳтобшаб» (1967) ва «Силсила» (1973) ду маҷмӯаи ашъор ба табъ расонид. Дар маҷмӯаи «Тафти дил» (1984) шеъру тарҷумаҳои манзумаш гирд омадаанд. Дар шеърҳояш оид ба масъалаҳои ахлоқи иҷтимоӣ, симои маънавӣ ва ишқу муҳаббати инсон баҳс менамояд. Бо навиштани нахустин ҳикояаш «Бобо» дар маҷалла «Садои Шарқ» (1972) ба насрнависӣ гузашт. Мавзӯи асосии асарҳои насриаш ташаккули шахсияти ҷавонон ва омилҳои иҷтимоии марбути зиндагии онҳо мебошад. Маҷмӯаи ҳикояҳои Баҳром Фирӯз «Пайи ситора» (1976), «Ганҷ дар вайрона» (1977), повести «Рухсора» (1978), китоби қиссаву ҳикояҳои «Ту танҳо не» (1980), ҳикояҳои «Ҳақиқати талх» (1981), «Аз арш то фарш», «Тору пуд» (ҳар ду 1983), «Агар вай мард мебуд» (1987), «Пеш аз шаби арӯсӣ» (1989), маҷмӯаи очерку мақолаҳои «Саҳнаи гардон» (1993), «Муаллими сахтгир» (2007), романи нотамоми «Ғафлатзадагон» (2009) ва ғайра ба қалами Баҳром Фирӯз мутааллиқанд. Дар ҳикояву повестҳо ба таҳқиқи ботинӣ ва ҷузъиётбандии равонӣ майл дорад ва дар асоси сужети камвоқеа ба падидаҳои дарунии хислати инсон мутаваҷҷеҳ гардида, моҳияти инсонӣ ё ғайриинсонии онро падид меорад. Биниши Баҳром Фирӯз ба равияе аз насри солҳои 70-80-уми асри XX тааллуқ дорад, ки ҷустуҷӯҳои эҷодӣ барои дар ҳастии хонанда устувор кардани пояҳои тасаввуроти халқ оид ба маънавияту ахлоқ ва ҷамъияту табиат равона шудааст. Дар повести «Ту танҳо не» муносибат ба табиат санги маҳаки арзиши инсонии қаҳрамон қарор ёфта, масъалаи «инсон ва табиат» чун ҷузъи муҳимми иртиботи «инсон ва ҷамъият» ба миён гузошта шудааст. Ӯ аз повестҳои «Тору пуд» (1983), «Агар вай мард мебуд» (1987) сар карда, ба «насри андешапарвар» рӯ овард, ки дар онҳо дар баробари ҷузъиётбандии равонӣ, инчунин андешаҳои доманадору ҳаяҷономези публитсистӣ ва ҳофизаи маданӣ (таҷрибаи маънавию ахлоқии гузаштагон) воситаи асосии таъйин кардани моҳияти иҷтимоии рӯйдодҳои атроф ва рафтору гуфтори мардум, хусусан ҳодисаҳои ногувори замон аст. Мавқеи инсонситоии нависанда дар ин ҳикояҳо бо қувваи фаъолтаре дар муқобили бадиву бадкирдорӣ намудор гардида, ормонҳои иҷтимоӣ ва инсондӯстиро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.

Воқеанигорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳром Фирӯз дар солҳои бозсозӣ (1985-91) ва истиқлоли Тоҷикистон (аз соли 1991) фаъолияти бештари иҷтимоӣ нишон дод. Мақолаҳои публитсистӣ, ҳикоёт ва осори калонҳаҷм таълиф намуд. Романи «Ғафлатзадагон» ва маҷмуаи «Хотираи як муҳаббат» (2009) киноя ва танқиди сахтест нисбат ба вазъи ноҳинҷори ҷомеаи шӯравӣ. Осори дигари таълифнамудаи ӯ низ оид ба бенизомиҳои ҷомеа, танқиди камбудиҳои афроди тангназар, худхоҳ ва маҳалгаро, тарғиби худшиносию ватандустӣ мебошанд. Ба таври куллӣ сабки Баҳром Фирӯз воқеъгароёна буда, осораш дар заминаи далелу арқом ва ҳодисаҳои рӯзмарраву тарҷумаиҳолӣ таълиф шудаанд. Ӯ кӯшидааст, ки воқеаҳои ҳаррӯзаро таълим диҳад ва моҳияти ибратбахши онҳоро бозгӯ намояд.

Намунаҳои насру назми халқҳои гуногунро тарҷума кардааст. Тарҷумаи матни қариб 50 филми бадеӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Повесту ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, арманӣ, литвонӣ, молдавӣ, ӯзбекӣ, чехӣ, булғорӣ, ҷопонӣ ва ғайра чоп шудааст.

Барандаи ҷоизаи адабии ИН Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1991). Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1971.

Баҳром Фирӯз 25 сентябри соли 1994 ин ҷаҳонро тарк намуд. Баҳром Фирӯз дар қабристони «Гумбази Қошуқ»-и шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд. Болои санги мазораш дарахти сершохест бо гулҳои зард, ки бештари фасли сол сабзу гулафшон аст ва рӯи он чорбайтиаш тарошида шуда, ки хулосаи зиндагию осори ин адиби некномро таҷассум мекунад:

Аз марг амон кӣ ёфт, то ман ёбам,
Боз умри ҷавон кӣ ёфт, то ман ёбам.
Шеърам ҳамагӣ паёми фардои ман аст,
3-ин беш ҷаҳон кӣ ёфт, то ман ёбам?

Баҳроми Фирӯз муаллифи номгӯи маҷмӯаҳои зерин мебошад:

  • «Розҳои маҳтобшаб» — Душанбе, «Ирфон», 1967, 96 саҳ, (шеърҳо)
  • «Силсила» — Душанбе, «Ирфон», 1973, 96 саҳ, (шеърҳо)
  • «Пайи ситора» — Душанбе, «Маориф», 1975, 64 саҳ. (ҳикояҳо)
  • «Ганҷ аз вайрона» — Душанбе, «Маориф», 1978, 160 саҳ. (повест ва ҳикояҳо)
  • «Рухсора» — Душанбе, «Ирфон», 1978, 160 саҳ. (повест)
  • «Ту танҳо не» — Душанбе, «Маориф», 1980, 240 саҳ. (повест ва ҳикояҳо)
  • "Ты не одинок" — Москва, «Детская литература», 1981, 176 стр. (повесть и рассказы)
  • «Ҳақиқати талх» — Душанбе, «Ирфон», 1981, 288 саҳ. (ҳикояҳо)
  • «Аз арш то фарш» — Душанбе, «Маориф», 1983, 320 саҳ. (достон ва ҳикояҳо)
  • «Тафти дил» — Душанбе, «Ирфон», 1984, 208 саҳ. (шеърҳо)
  • «Тору пуд» — Душанбе, «Маориф», 1985, 208 саҳ. (достон ва ҳикояҳо)
  • «Агар вай мард мебуд…» — Душанбе, «Адиб», 1987, 384 саҳ. (повестҳо)
  • «Пеш аз шаби арусӣ» — Душанбе, «Адиб», 1989, 560 саҳ. (ҳикояҳо ва достонҳо)
  • «Была бы она мужчиной» — Душанбе, «Адиб», 1990, 447 стр. (повесть и рассказы)
  • «Саҳнаи гардон» — Душанбе, «Адиб», 1993, 350 саҳ. (мақола ва очеркҳо)
  • «Ғафлатзадагон» — Душанбе, «Адиб», 1999, 376 саҳ. (роман)
  • «Хотираи як муҳаббат». Душанбе, ТЧБ «Истиқбол», 2009, 165 саҳ.
  • Шукуров М. Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ. Д., 1987; Адибони Тоҷикистон. Д., 2003.