Бахтиёр Раҳмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бахтиёр Раҳмонов
Раҳмонов Бахтиёр Нурмаҳмадович
Таърихи таваллуд 17 феврал 1989(1989-02-17) (35 сол)
Зодгоҳ деҳаи Панҷрӯд, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология (2019)
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012)

Бахтиёр Раҳмонов (Раҳмонов Бахтиёр Нурмаҳмадович;17 феврали 1989, деҳаи Панҷрӯд, ноҳияи Панҷакент) — омӯзгор, номзади илми филология (2019).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1996 ба синфи якуми МТМУ № 53-и деҳаи Марғедари ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ қабул гардида, соли 2007 онро хатм намудааст. Соли 2007 бо мақсади соҳибкасб шудан ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон қабул гардида, соли 2012 онро бо тахассуси филолог — муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намуд.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз октябри соли 2009 то майи соли 2012 раиси (масъули) маҳфили забоншиносии «Сипанди сухан»-и факултети филологияи ДМТ будааст. Инчунин, аз 2010 то 2012 дар МТМУ № 15-и шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор аз фанни забони арабӣ ва алифбои ниёгон дарс гуфтааст.

Аз 2012 то 2016 ба ҳайси ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ (аз сентябри 2015 номи кафедра назария ва амалияи забоншиносӣ), аз 2016 то 2018 муаллими калони кафедраи кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз 2018 то 2018 муовини декан оид ба корҳои таълимӣ-эдвайзери факултети филологияи тоҷик, аз 2018 то 2020 муаллими калони кафедраи кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ, аз 2020 то ҳоло чун номзади илми филологияи кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба сифати корманд-унвонҷӯи кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ дар мавзӯи "Хусусиятҳои луғавӣ-грамматикии феъл дар «Таърихи Бухоро»"[1] рисолаи илмӣ-тадқиқотии номзадиашро соли 2019 дифоъ намуда[2], дар саҳифаҳои маҷаллаву маҷмӯъаҳои илмӣ беш аз 40 мақолаи илмии гуногунҳаҷм вобаста ба мавзӯъҳои илмии забоншиносӣ ба чоп расонидааст.

Ҳамчунин, чанд китоби муҳимми соҳаи забоншиносӣ бо кӯшишу заҳамоти Бахтиёр Раҳмонов аз хатти форсӣ ба кириллии тоҷикӣ баргардон ва дастрасӣ алоқамандони соҳаи забоншиносӣ гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Хусусияти луғавӣ-грамматикии феъл (дар асоси маводи «Таърихи Бухоро»). — Душанбе:«Донишварон», 2017. — 187 с.
  • Лексико-семантические особенности глагола в «Таърихи Бухоро» Наршахи. — Душанбе:«Мулквар», 2021. — 164 с.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Рахмонов Бахтиёр Нурмахмадович. Лексико-грамматические особенности глагола в «Та‘рихи Бухоро» Наршахи. disserCat — электронная библиотека диссертаций (2017).
  2. Ҳимояи Раҳмонов Бахтиёр Нурмаҳмадович. vak.tj. 1 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 марти 2022.