Jump to content

Бахшидод Алидодов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бахшидод Алидодов
Бахшидод Алидодович Алидодов
Таърихи таваллуд 15 август 1942(1942-08-15)
Зодгоҳ ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 17 август 2022(2022-08-17) (80 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ геология ва минералогия
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Бахшидод Алидодович Алидодов (тав. 15. 08. 1942, ноҳияи Шуғнон — 17.08.2022) — географи тоҷик, номзади илмҳои геология ва минералогия (1981), дотсент (1984).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1959—1965 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намуда, онро бо ихтисоси муҳандис-геолог хатм намудааст. Солҳои 1965—1981 ходими илмии Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1981—1984 муаллими калони кафедраи заминшиносии умумӣ ва геология, 1984—2001 мудири кафедраи номбурда дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев буд. Солҳои 2001—2003 ҳамчун дотсенти кафедраи иншооти зеризаминӣ ва таҳкурсиҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои маъдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2003—2005 дотсенти кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва муовини декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ, 2005—2009 мудири кафедраи минерология ва петрографияи донишгоҳи номбурда ва озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Минералофлюидология» Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 130 таълифотҳои илмӣ ва илмию методӣ, аз ҷумла 4 монография ва 3 китоби дарсӣ мебошад, ки дар онҳо шароитҳои геологию геохимиявии пайдоишу ҷойгиршавии конҳои тилою волфрами Тоҷикистонро мавриди омӯзишу тадқиқ қарор додааст. Барои хидматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1987) ва якчанд ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  • Высококонцентрированные флюидные включения и некоторые вопросы генезиса эндогенных месторождений Таджикистана // Материалы международного симпозиума «Термобарогеохимия эндогенных систем», Д., 1998;
  • Термобарогеохимические условия образования шеелитоносных метасомотитов Таджикистана // В сб. Вопросы геологии и технологии минерального сырья Республики Таджикистана, Д., 1999.