Jump to content

Бахшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Бахшӣ — (аз калимаи санскритии бҳикту – қаландар, дарвеш), 1) мардуми туркзабон, махсусан туркманҳо шахсеро мегӯянд, ки достонҳо, қиссаҳо, ҳикоятҳоро аз адабиёти хаттӣ ва аз адабиёти омиёна месароид ва ё баъзан ба наср ҳикоя мекард. Бахшиҳо аз асбобҳои мусиқӣ – дутор, дамбура, ғижак истифода мебурданд.

Туркманҳо инчунин пири авлодро Бахшӣ мегуфтанд. Бахшигӣ дар асоси шогирдӣ ва устодӣ ривоҷ меёфт;

2) Бахшӣ дар байни муғулҳо аз қадимулайём маълум буд ва қадру эътибор дошт. Муғулҳо рӯҳонӣ, қаландари будоӣ, пешвои дин, ҷодугар, дабир, соҳирон, ҷодугаронро Бахшӣ мегуфтанд.

Дар давлати Темуриёни Ҳинд Бахшӣ шахсе буд, ки ҳисобу китоби сипоҳро анҷом медод ва музди кор медод. Дар Аморати Бухоро Бахшӣ амалдореро мегуфтанд, ки ҳисоби молиявии сохтмони биноҳои давлатиро анҷом медод;

3) Бахшӣ шахсеро мегӯянд, ки ба табобати рӯҳии мардум машғул буд, афсунгарӣ ва фолбинӣ мекард. Ба ақидаи Бахшиҳо ба бадани бемор деву парӣ, ҷин, албастӣ ва ғ. ҷой гирифта, ӯро бемор мекунанд. Бахшиҳо бо истифода аз оташ, кафгири дар оташ сурхшуда, дойразанӣ, садоҳои баланди ваҳмангез, ҳаёҳу ва ғ. намодҳои бадро аз бадани инсон дур мекарданд.

  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. - М., 1969.