Jump to content

Башшори Марғазӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Башшори Марғазӣ
Навъи фаъолият: шоир

Башшори Марғазӣ (форсӣ: بشار مرغزی‎; қарни IX, Марв — қарни X) — шоири порсигӯи даврони Сомониён

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз аҳли Марви Хуросон буд ва нисбаи Марғазӣ (Марвазӣ) гирифтанаш аз ҳамин ҷост. Дар яке аз ҷунгҳои мутааллиқ ба адиб Муҳаммадафзали Сархуш номи Башшори Марғазӣ ба шакли Башгар сабт гардидааст, ки онро Муҳаммадтақӣ Баҳор дар китоби «Сабкшиносӣ» таъйид намудааст. Аз Башшори Марғазӣ қасидаи хамрия дар васфи ангур ва раз иборат аз 31 байт дастрас гардидааст. Ин қасида дар китоби Муҳаммад ибни Бадруддини Ҷоҷармӣ «Мунис-ул-аҳрор ва дақоиқ-ул-ашъор» оварда шудааст ва дар ин ҷо ҳам номи ин шоир Башгар навишта шудааст. Аз абёти қасидаи мазкур бармеояд, ки Башшори Марғазӣ дар сурудани шеър, махсусан хамрия, ки анъанааш аз адабиёти араб (Ахтал) шурӯъ гардида, баъдан Рӯдакӣ идома додааст, дасти тавоно доштааст. Ин анъанаро шоирони баъдина — Манучеҳрии Домғонӣ, дар а. 20 Муҳаммадтақӣ Баҳор ва дигарон идома доданд.

  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Д., 2007;
  • .دانشنامۀ جهان اسلام. تهران، ۱۳۷۸ هـ. ش