Баёнот
Баёнот, тавзеҳнома — санадест, ки дар он шогирдони мактабҳои миёна, донишҷӯёни макотиби олӣ, устодон, кормандони корхонаҳову муассисаҳо, шаҳрвандон сабаби ҳозир нашудан ба дарсҳо, иҷро нагардидани амру фармоиш, сабаби вайрон кардани низоми кор, риоя накардани қоидаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро шарҳу эзоҳ медиҳанд.
Баёнот бо талаби роҳбари синф, директори мактаб, декани факултети мактаби олӣ, сардори корхонаву муассиса, шахси масъули ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ҷомеаи шаҳрвандӣ тартиб дода мешавад.
Мураттабсозӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мураттабсозии баёнот ба тариқи зайл сурат мегирад:
- дар тарафи рости варақ, аз миёни варақ сар карда, ба шакли сутунча вазифа, унвон, дараҷаи илмӣ, насаб, ном ва номи падари шахси талабкунандаи баёнот, сипас насаб, ном, номи падар, унвон, дараҷаи илмӣ, вазифаи тартибдиҳандаи баёнот навишта мешаванд;
- дар миёнаи саҳифа номи санад;
- баъдан сархат гузошта матни баёнот;
- нависандаи баёнот ному насаби худро ба шакли кӯтоҳ менависад, имзо мекунад, таърихи навишта шудани баёнотро сабт менамояд.
Намунаи баёнот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба директори [номи муассиса, корхона] муҳтарам [ному насаб, дараҷа, унвон ва Ба сабаби бемор шудани писарам ва ба дармонгоҳ бурдани ӯ рӯзи 15 октябри соли 2012 ба кор
|
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ёрзод Ҳ. Дастури санаднигорӣ. Д., 2000;
- Асосҳои коргузорӣ. Д., 2002;
- Диловаров М., Қурбонов С. Ҳуҷҷатнигорӣ. Д., 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баёнот // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.