Муаззам Диловаров
Диловаров Муаззам Аъзамович | |
Таърихи таваллуд | 11 июл 1946 (78 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Шодак, ноҳияи Қалъаихум, ҶШС Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | СИ ЭМТ |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1968) |
Ҷоизаҳо |
медали «Хидмати шоиста» (2013) Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005) Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) |
Муаззам Диловаров (Диловаров Муаззам Аъзамович; зод. 11 июли 1946, деҳаи Шодаки ноҳияи Қалъаихум, ҶШС Тоҷикистон) — филолог, муаллим, муҳаррир ва донишноманависи тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики УДТ (1968). Корманди ИЗА-и АФ ҶШС Тоҷикистон (1968‒1978), муҳаррири калони илмии редаксияи адабиёт, забон ва фолклори ЭСТ (ҳоло ЭМТ; 1978‒1980), мудири ҳамин редаксия (1980‒2015). Аз сентябри 2015 муҳаррири пешбари ЭМТ. Ҳамзамон муаллими фанҳои Алифбои ниёгон ва Забони тоҷикӣ дар ДДМТ (1994‒1997) ва Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳоло Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон; 1997‒2012).
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамкориаш бо СИ ЭСТ аз соли 1975 оғоз ва пас аз ба кор гузаштан ба ин муассиса ривоҷ ёфт. Муаззам Диловаров олими сермаҳсул буда, тақрибан 500 мақола дар 8 ҷилди ЭСТ ба табъ расондааст. Дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (ҷ. 1‒1988, ҷ. 2‒1989, ҷ. 3‒2004) аз ҷилди дуюм сар карда мудир ‒ масъули бахши адабиёт буд. Дар ин нашрия беш аз 600 мақола навиштааст. Муаззам Диловаров мутахассиси адабиёти пешазисломӣ ва донандаи "Шоҳнома "-и Фирдавсӣ мебошад. Мақолаҳои дар ин бобат навиштаи ӯ таълифӣ-оригиналианд.
Муаззам Диловаров дар замони барқарории ИҶШС барои нашрияҳои марказӣ (Маскав) мақолаҳо навиштааст. Ӯ муаллифи мақолаҳо ‒ маълумотномаҳои мухтасар оид ба шоирону насрнависон, адибони гузаштаи форс-тоҷик ва муосири тоҷик дар китоби «Литературный энциклопедический словарь» (М., 1987) мебошад. Дар кори донишномаҳои «Таджикистан» (1984), «Душанбе», «Кӯлоб», «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон», «Фарҳанги мардуми тоҷик», «Энциклопедия таджикско-персидской прозы» (нашрҳои Душанбе ва Алмаато) чун муҳаррир ва муаллифи баъзе мақолаҳо иштирок кардааст. Муаззам Диловаров якчанд китобро, аз ҷумла «Авесто» (Д., 2001; ба муносибати 2700-солагии Авесто), «Готҳо»-и Зардушт (муассисаи нашаротии «Асотир», Теҳрон, 2003; ба муносибати бузургдошти Зардушт), "Бундаҳишн " (Д., 2006; ба муносибати бузургдошти Тамаддуни ориёӣ), «Бахтиёрнома»-и Дақоиқии Марвазӣ (Д., 2008; ба муносибати Соли забони тоҷикӣ ва 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ), «Самаки айёр» (ду ҷилд, Д., 2003, 2004), «Рубоиёт»-и Умари Хайём (Д., 2009), "Наврӯзнома "-и Умари Хайём (Д., 2012; китобҳои Хайём ба се забон ‒ форсӣ, русӣ англисӣ), «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Зайнуддин Маҳмуди Восифиро (Д., 2014) аз хатти форсӣ баргардон карда, бо муқаддима, тавзеҳот ва шарҳи луғат ба чоп расонидааст.
Маҳсули кори ӯ чун муаллим дастурҳои "Ҳуҷҷатнигорӣ " (Д., 2010, 2011, 2012), «Таълими қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (Д., 2011, 2012; ҳар дуи ин китоб бо ҳаммуаллифии С. Қурбонов) мебошанд.
Мукофоту унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаззам Диловаров бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1988), медали «Хидмати шоиста» (2013) сарфароз шудааст. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сопоставление сказаний о Джамшиде в «Таърихи Табари» Балъами и «Шахнаме» Фирдоуси // Конференция молодых научных работников и аспирантов. М., 1972;
- Изучение «Гат» Заратуштры парсийскими учеными // Конференция молодых научных сотрудников и аспирантов. М., 1974;
- Авесто ва баъзе хусусиятҳои адабии он// «Мактаби советӣ», 1966, № 4;
- Авесто‒донишномаи ниёгон // «Паёми фарҳангӣ», 2001, № 2;
- Авесто ‒ ганҷи шойгони эронитаборон // «Фарҳанг», 2004, № 3‒4;
- ،اوستا در شاهنامه. مجلّۀ برزویه. شمارۀ ٥٧ زمستان ٣٠٠٢ میلادی در آلمان چاپ شده است
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Диловаров Муаззам // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.