Баёноти дурӯғи барқасд
Баёноти дурӯғи барқасд — огоҳона додани маълумоти бардурӯғ аз тарафи шахсоне, ки онҳоро идораҳои судию тафтишотӣ ба сифати шоҳид, ҷабрдида, таҳлилгар-коршинос, ё тарҷумон даъват мекунанд, инчунин тасдиқ намудани арқоми нодурусту сохта, инкор ва ё пинҳон кардани арқоми ҳақиқӣ.
Баёноти нодурусте, ки дар натиҷаи саҳву иштибоҳ дода мешавад, баёноти дурӯғи барқасд ҳисоб намешавад ва боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ намегардад. Баёноти дурӯғи барқасд ба муқаррар кардани ҳақиқат аз тарафи идораҳои тафтишотӣ, прокуратура ва суд монеъ шуда, ба кори мӯътадили онҳо, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар мерасонад, аз ин рӯ он яке аз шаклҳои ҷиноят ба муқобили адолати судӣ аст. Барои баёноти дурӯғи барқасд бо ҳолатҳои вазнинкунандаи гуноҳ (айбдоркунӣ ба ҷинояти давлатии махсусан хавфнок ё диг. ҷинояти вазнин, далелҳои сохтаи айбдоркунанда, бо мақсади ғаразнок дода шудани баёноти дурӯғи барқасд) гунаҳкор аз 2 то 7 сол ҷазо мегирад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.