Бақия (мусиқӣ)
Зоҳир
Бақия (ар. بقیه – боқимонда, пасмонда) — дар мусиқии классикии форс-тоҷик фосилаест, ки ним парда (камтар аз ним)-ро ифода мекунад. Ба гурӯҳи фосилаи суғро дохил буда, аз пардаи мутлақ (сарпарда) ба қадри камтар аз ним лаҳн зиёд (баланд) мебошад (сенташ – 90)[1].
Мусиқидонони гузашта дар байни пардаҳои қаторовоза пардаи мутлақ (сарпарда)-ро бо алиф (ا) ва нуқтаи ҳосилшавии ин фосиларо бо бе (ب) ишора намудаанд. Агар фосилаи байни «алиф»-у дол (до – ре) як лаҳни пурраро ифода намояд, бақия як ҳиссаи он аст. Дар истилоҳи мусиқии имрӯза бақия тақрибан ба до-диез баробар мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.289-291 // А. Зубайдов.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.