Jump to content

Аҳмад Баҳманёр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баҳманёр Аҳмад)
Аҳмад Баҳманёр
Таърихи таваллуд: 1883
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, шоир
Забони осор: форсӣ

Аҳмад Баҳманёр(форсӣ: احمد بهمنیار‎; мутахаллис ба «Деҳқон»; 1883, Кирмон — 1956, Теҳрон) — адиб, шоир, рӯзноманигори эронӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Забонҳои туркии усмонӣ, арабӣ, англисиро медонист. Пас аз вафоти падараш, ки мударрис буд, ба тадрис машғул шуд ва мадрасаҳои Иброҳимия, Исломияро бунёд ниҳода, таълиму тарбияро ба тарзи нав роҳандозӣ намуд. Дар замони инқилоби Машрутаи Эрон узви ҳизби демократ ва яке аз фаъолони он буд. Азбаски Баҳманёр дар ҳаракатҳои зидди англисҳо ва сиёсати онҳо дар Эрон ширкат мекард, ба зиндон афтод ва 16 моҳ дар ҳабс буд. Дар вазоратҳои молия, маориф ва адлияи Эрон кор кардааст.

Чун рӯзноманигор фаъолияти густарда дошт: сардабири рӯзномаи «Садои Эрон», муассиси ҳафтаномаву маҷаллаҳои «Деҳқон», «Фикри озод», «Кашкӯли деҳқон», «Теҳрон», «Занбили деҳқон». Ба ғайр аз мақолаҳои публитсистӣ Баҳманёр оид ба таърихи адабиёти форсӣ ва адабиёти араб мақолаҳои илмӣ нигоштааст, якчанд асари адибону шоирони гузашта, «Асроруттавҳид» (Т., 1313 ҳ. ш.), «Таърихи Байҳақ» (Т., 1317), «Ал-Абния ан ҳақоиқу-л-адвия» (Т., 1346 ҳ. ш.), «Достонномаи Баҳманёрӣ» — дар амсолу ҳикам (Т., 1341 ҳ. ш.; ин асар маҳсули ҳамкории Баҳманёр бо Деҳхудо мебошад), «Соҳиб ибни Аббод» (Т., 1344 ҳ. ш.), «Сарфу наҳв» (Т., 1331 ҳ. ш.) ва ғ.-ро таълиф, тасҳеҳу тадвин кардааст.

Маҷмӯаи ашъораш бо номи «Ҳадяи Шарқ» (Т., 1320 ҳ. ш.) ба табъ расидааст.

  • دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج. ۱۳. تهران، ۱۳۸۳ هـ. ش.