Баҳогузорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


БАҲОГУЗОРӢ дар педагогика, натиҷаи назорати фаъолияти таълимӣ ва баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат, малака ва рафтори хонандагон. Баҳогузорӣ. ба фаъолияти талабагон дар муҳокимаю мулоҳиза ва хулосаҳои муаллим ифода меёбад, ки он дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ ба амал бароварда мешавад. Баҳогузорӣ дар асоси меъёру талаботҳои муқарраргардида ба амал меояд ва аз ин рӯ, бояд объективию дуруст бошад, вагарна метавонад ба шогирдон таъсири манфии рӯҳӣ бахшад. Натиҷаи фаъолияти таълимии шогирдон дар давраи муайян ба ҳисоб гирифта мешавад. Асоси ин баҳисобгириро бақайдгирии натиҷаи назорати ҷорӣ, даврӣ ва ҷамъбастӣ ташкил менамоянд, ки онҳо дар шакли Баҳогузорӣ дар дафтарҳои (журнал) синфӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ифода меёбанд. Баҳисобгирии кори таълимии хонандагон аз рӯйи мавзӯъҳои гузошташуда ва қисматҳои барномаҳо, аз рӯйи ҷамъбасти чорякҳо, нимсолаҳо ва соли таҳсил доир карда мешавад. Баҳогузорӣ хусусияти нисбӣ низ дорад. Ҳар мамлакат низоми Баҳогузории худро дорад: масалан, низоми панҷбаллӣ дар ҷумҳуриҳои узви ИДМ ва ғ.; даҳбалӣ дар Нидерландия; ёздаҳбаллӣ дар Итолиё; бистбаллӣ дар Эрон ва ғ. Дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон ба дониш, маҳорат, малака ва рафтори талабагон аз рӯйи низоми панҷбаллӣ баҳо гузошта мешавад.

Адабиёт[вироиш]

Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Д., 1988; Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.

  • Қ. Қодиров.

Манбаъ[вироиш]