Jump to content

Баҳористон (н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Баҳористон» - хоҷагии кишоварзӣ дар ноҳияи Ҳисор буда, моҳи июни соли 1984 аз ҳисоби 365 га заминҳои лалмии колхози «Ленинград» ва бештар аз 2000 га дашту саҳроҳои лалмии колхози “Москва” ҳамчун совзи таҷрибавии боғу токпарварӣ ташкил карда шудааст. Роҳбари аввалини он Сайдалиев Абдуҳомид буд. Хоҷагӣ ба воситаи насосҳои махсус аз дарёи Қаратоғ обёрӣ мегардид. Меваҳои гуногуни хоҷагии «Баҳористон» охири с.80-ум ва аввали 90-уми садаи XX ба ноҳияҳои дурдасти Русия фиристода мешуд. Дар заминаи хоҷагии «Баҳористон» якчанд хоҷагиҳои ободу сердолу дарахт ба вуҷуд омадааст ҳоло, ки калонтарини онҳо хоҷагии «Варзеб» ва «Баракат»-и ноҳияи Ҳисор инчунин хоҷагии «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Шаҳринав мебошанд.[1] Адабиёт

  • Собири Шоҳонӣ. Бозгашти булбул. - Душанбе, 1997;
  • Ҳоҷӣ Абдуманнони Ҳоҷӣ Абдурраҳмон. - Душанбе,2012.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 162