Баҳори дониш
Нависанда | Иноятуллоҳи Камбуҳ |
---|---|
Таърихи интишор | 1651 |
Model item | The Garden of Knowledge[d] |
«Баҳори дониш» (форсӣ: بهار دانش) — асари Иноятуллоҳи Канбу, ки соли 1670 навишта шудааст.
Яке аз беҳтарин намунаҳои насри бадеии форсизабони асрҳои миёна ба шумор меравад. Ба тарзи «қисса андар қисса» ва ё «ҳикоят андар ҳикоят» аз ҳикоятҳо, афсонаҳо, масалҳои сершумори аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун ва ғоя гуногун мураттаб гардидааст, ки ба тавассути ҳикояти васила ба ҳам алоқаманд шудаанд. Мавзӯи ҳикояти василаи асар ишқ аст. Асоси сужети онро ғоибона ба ҳамдигар дил бастани шоҳзодаи Ҳиндустон Ҷаҳондорсултон ва духтари подшоҳи мулки Минусавод Баҳраварбону ва ба висоли якдигар расидани онҳо ташкил медиҳад. Ба таъкиди Иноятуллоҳи Канбу, мазмуни ин китобро бараҳмане нақл карда, зарурати ба забони форсӣ-тоҷикии фасеҳ ба риштаи таҳрир кашидани онро хоҳиш намудааст. Дар «Баҳори дониш» ба ғайр аз афсонаҳои ҳиндӣ баъзе ҳикоятҳои нав ҷой гирифтаанд, ки эҷоди Иноятуллоҳи Канбу мебошанд.
«Баҳори дониш» ба насри маснӯъ ва муншиёнаи пуробуранг таълиф шудааст. Нависанда аз санъатҳои бадеӣ, воситаҳои тасвир ба таври фаровон истифода бурдааст. Ин ҷиҳати кор то андозае боиси душворфаҳм шудани забони асар гардидааст. Дар дохили асар, дар баъзе ҳикояту қиссаҳо барои тақвияти мақсаду андеша пораҳои шеър оварда шудаанд. «Баҳори дониш» баъд аз таълифаш ба зудӣ мавриди таваҷҷуҳи аҳли адаб қарор гирифта, шуҳрати зиёд пайдо кард. Аз ин асар нусхаҳои дастнависи бисёре мондааст, ки дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон нигоҳ дошта мешаванд. Аз охири садаи 18 сар карда дар мактабҳо аз ин китоб чун китоби хониш истифода мекарданд. Дар асрҳои 17-19 «Баҳори дониш» борҳо ба назму наср таҳриру такмил ёфт. Аз ҷумла, Ҳасаналии Иззат ном шахсе (а. 18) «Баҳори дониш»-ро ба навъи маснавӣ манзум сохт. Муҳаммад Исмоили Мирзоҷон онро ба забони ҳиндӣ ба назм даровардааст. «Баҳори дониш» дар кишварҳои гуногуни дунё ба табъ расидааст. Соли 1768 пораҳое аз «Баҳори дониш», с. 1799 бори дуюм — комилтар (бидуни 6 ҳикояти дохилаш) ба забони англисӣ тарҷума шуда, ба табъ расид. Ҳамин тарҷумаи англисии асар дар ибтидои садаи 19 асос барои тарҷумаҳои олмонӣ ва фаронсавии он гардид. Аз забони асл «Баҳори дониш»-ро пурра М. Усмонов ба забони русӣ тарҷума кард, ки соли 1964 ба табъ расид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳори дониш / А. Алимардонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.