Jump to content

Иноятуллоҳ Камбуҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иноятуллоҳ Камбуҳ
Таърихи таваллуд: 1608
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1671
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда

Иноятуллоҳ Канбу (форсӣ: عنایت‌الله کمبوه‎; тақр. 1606, Бурҳонпур — 1671, Деҳлӣ) — шоир, нависанда ва таърихнигори форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гузаштагони Канбу аслан аз Лоҳур буданд. Бародари Канбу — Муҳаммадсолеҳи Канбу, муаллифи асари таърихии «Амали Солеҳ» (таълифаш 1660) мебошад, ки дар он маълумот дар бораи шарҳи ҳоли Канбу низ мавҷуд аст. Ҷавонии Канбу дар аҳди Ҷаҳонгир (ҳукмронӣ 1605-28) ва давраи камолоташ дар замони ҳукмронии Шоҳҷаҳон (ҳукмронӣ 1628-58) гузаштааст. Муддате котиби ҳокими Лоҳур ва муншии девони Шоҳҷаҳон буд. Канбу аз корҳои расмӣ даст кашида, дар наздикии мазори Қутбуддин Бахтиёри Кокӣ хонақоҳе бино кард ва бақияи зиндагиашро дар гӯшанишинӣ гузаронд. Асари нахустини ӯ такмилаи «Акбарнома»-и Абулфазли ибни Муборак мебошад, ки дар бораи исён ва хурӯҷи Ҷаҳонгир бар падараш — Акбар, қатли хоинонаи Абулфазли ибни Муборак бо мусоидати Ҷаҳонгир, таъқиб ва муҷозоти қотилони Абулфазли ибни Муборак бо фармони Акбар, ҷангҳои Дакан ва шарҳи беморӣ ва марги Акбар иттилоъ додааст. Асари дигари Канбу «Таърихи дилкушо» (ягона нусхаи дастнависи он дар Лондон маҳфуз аст) оид ба воқеаҳои замони салтанати Шоҳҷаҳон ва баъзе рухдодҳои солҳои аввали аҳди Аврангзеб маълумот медиҳад. Дар китоби «Гулшани иноят» (нусхаи китобхонаи Ганҷбахш, 1197) номаҳои Канбу ба дӯстон ва бузургон гирдоварӣ шудааст, ки он соли 1662 бо эҳтимоми бародараш Муҳаммадсолеҳи Канбу тадвин гардидааст. Ҳамчунин аз Канбу китоби «Шоракнома» — дар боби ҳикматомӯзӣ (нусхаи Ганҷинаи дастхатҳои Донишгоҳи Панҷоби Лоҳур, № 2242/2) ва дебоча бар «Саводи аъзам»-и Мулломир (нусхаи китобхонаи умумишарқии Бонкипур, № 87) мерос мондаанд. Муҳимтарин асари бадеии Канбу китоби «Баҳори дониш» дар мавзӯи ишқи шоҳзодаи Ҳиндустон Ҷаҳондорсултон ва духтари подшоҳи мулки Минусавод Баҳраварбону мебошад, ки соли 1651 таълиф ва ба Шоҳҷаҳон бахшида шудааст. Ин асар яке аз пурхонандатарин китобҳои бадеӣ ба шумор рафта, беш аз 300 нусхаи дастнавис ва чандин фарҳангу шарҳи он то замони мо расидаанд. «Баҳори дониш» чанд аср ҳамчун сармашқи ҳунари нависандагии муншиён ва китоби дарсӣ барои омӯзандагони забони форсӣ дар мадрасаҳо истифода мешуд.