Баҳоуддини Матту
Зоҳир
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Баҳоуддини Матту (ар. بهاء الدین متّو, мутахаллис ба Баҳо, 1766—1832) — шоир, орифи форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз хонадони уламои Кашмир. Дар ҷавонӣ ба тасаввуф таваҷҷуҳ намуд. Донишҳои диниро дар назди Мулломаҳмуди Балхӣ омӯхт ва баъдан худаш ба муаллимӣ машғул шуд. Дар таърихи адабиёт ва дин ӯ чун тазкиранигори мутасаввифони мазҳабҳои гуногун ва муфассири ақоиди ирфонӣ маъруф аст. Ба қалами ӯ 5 маснавӣ тааллуқ дорад:
- «Ришинома» — дар шарҳи ҳолу зиндагии шайхҳои ҷараёни ришияи Кашмир иборат аз 4 ҳазор байт.
- «Султонинома» — зиндагиномаи султон-ул-орифин, Ҳамзаи Махдумӣ ва муридони ӯ (3400 байт).
- «Ғавсия» — шомили шарҳи ҳолу таълимоти Абдулқодири Гелонӣ ва муридони ӯ Абумадин, Ибни Арабӣ, Абуаҷиби Суҳравардӣ, Наҷмуддини Кубро ва диг. (5500 байт);
- «Нақшбандия» — шарҳи ҳоли бузургони силсилаи Нақшбандия.
- «Чиштия» — шарҳи ҳоли суфиёни Чиштия.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳоуддини Матту / Ҳ. Қаландаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- دائرة المعارف بزرگ اسلامی. ج ۱۳. تهران،۱۳۸۳