Баҳоуддин Валад
Баҳоуддин Валад | |
---|---|
араб. форсӣ: بهاءالدین ولد | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: |
русӣ: Мухаммад ибн Хусейн аль-Хатиби аль-Балхи форсӣ: بهاءالدین ولد محمد بن حسین خطیبی بکری ар. بهاء الدين ولد محمد بن حسين الخطيبي البكري англ. Baha al-Din Walad Muhammad ibn Hussayn al-Khatibi al-Bakri |
Касб, шуғл: | фақеҳ, файласуф |
Таърихи таваллуд: | 1148, 1152 ё 1149 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1231[1][2] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Фарзандон: | Ҷалолуддини Румӣ[4] |
Фаъолияти динӣ |
|
Самти фаъолият: | фиқҳ ва тасаввуф |
Устодон: | Наҷмуддини Кубро ва Абуҳомид Ғазолӣ |
Шогирдон: | Ҷалолуддини Румӣ |
Вироиши Викидода |
Баҳоуддин Валад (форсӣ: بهاءالدین ولد) Муҳаммад Ҳусайни Хатибӣ, мулаққаб ба Султонулуламо (1149, Балх — 1231, Қуния) — фақеҳи машҳур ва мутасаввифи форс-тоҷик, падари Ҷалолуддини Румӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ истеъдод ва қобилияти баланди илмомӯзӣ дошт, таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифт ва улуми маъмули замона — фиқҳу нуҷум, илоҳиёту мантиқ ва ҳикмату ирфонро омӯхт. Шогирди бовафои шахсияти барҷастаи тасаввуфи исломӣ Наҷмуддини Кубро (1146—1221) буд. Дар синни балоғат фақеҳи бузурги ҳанафии замонаш гардид ва аз ҷумлаи фозилони машҳури он давр ба шумор мерафт. Шогирдону муосиронаш ба ӯ унвони «устоду-л-аимма» дода буданд. Ҳамчун фақеҳи машҳур бештар ба воизӣ ва тадриси фиқҳи исломӣ машғул буд. Тибқи вазифааш ба бисёр шаҳрҳо сафар мекард ва ваъз мегуфт. Абдулҳусайни Зарринкӯб иттилоъ дода, ки Баҳоуддин Валад дар сарзамини Вахш ва Суғду Хоразм низ сафар доштааст.
Баҳоуддин Валад дар байни мардум маҳбубияту маъруфияти хос дошт. Бино ба маълумоти маъхазҳо, ӯ бо мутакаллими машҳури муосираш Фахруддини Розӣ чандон созгор набуд ва Фахруддини Розӣ, ки ба султони давр Муҳаммад ибни Текеш наздик буд, фармони хориҷ шудани Баҳоуддин Валад-ро аз қаламрави Хоразмшоҳиён дод. Шояд ин як ривояте беш набошад ва сабаби асосии муҳоҷирати ӯ ва дигар зиёиён ҷангҳои доимии Хоразмшоҳ бо туркону чиниёну қошғариён, сиёсати худкомаи Хоразмшоҳ нисбат ба мардуми Самарқанду Бухоро ва Балх бошад, ки охирӣ чандин бор мавриди ҳуҷуми Қарохониёну Ғуриён ва Хоразмшоҳиён қарор гирифта буд. Баъди ба қаламрави Хоразмшоҳиён ҳамроҳ шудани Марву Ҳироту Нишопур ин шаҳрҳои фарҳангӣ ба ма-ҳалли бархӯрди волиён ва макони фаъолияти муташарриъин ва тасаввуфи хонақоҳӣ табдил ёфта буд. Аз тарафи дигар, хабари юриши муғулон, ки дар Шарқ то сарҳаддоти қаламрави Хоразмшоҳиён расида буданд, аҳли дониш ва андешмандонро ба талвоса андохта буд.
Бино ба сабабҳои фавқ Баҳоуддин Валад бо аҳли хонаводаи худ соли 1215 қаламрави Хоразмшоҳиёнро тарк кард. Аввал ба Бағдод омад, баъд дар Димишқу Макка муддате иқомат гузид ва ниҳоят дар Қуния монд. Ҳангоми дар Бағдод буданаш дар мадрасае, ки баъдҳо бо номи Мустансирия машҳур шуда буд, муддате дарс дод, дар Нишопур бо Фаридуддини Аттор мулоқот дошт ва ба ҳар шаҳре, ки мерафт, бо олимону фақеҳон ва суфиёну андешамандони он ҷойҳо шиносоӣ пайдо мекард ва дар баҳсу суҳбат менишаст. Дар шаҳрҳои Малтия, Лоранда, Оқшаҳр ва Ҳалаб, ки иқомати кӯтоҳмуддате дошт, бо зиёиён ва мударрисони мадрасаҳо аз наздик шинос мешуд ва ба зудӣ ҳамчун донишманди маорифи исломӣ дар байни онҳо ном баровард.
Султони давр Кайқубод ва вазири донишманди маъруфи Рум Муинуддини Парвона, ки ҳар ду аз «саррофони гавҳаршинос» буданд, Баҳоуддин Валад-ро ба билоди Рум, ба шаҳри Қуния даъват намуданд. Қуния аз бозе, ки Салҷуқиён онро соли 1094 фатҳ намуда буданд, яке аз марказҳои асосии фарҳангии ин хонадон буд. Азудуддини Кайхусрав ва Алоуддини Кайқубод иқтисодиёти ин минтақаро баланд бардошта, дар қаламрави худ, ки аз Димишқу Бағдод то сарҳадоти Ҳалаб мерасид, дар пайравӣ аз ибтикори Низомулмулк дар таъсиси «Низомияҳо» чандин мадраса дар Қунияву Димишқу Ҳалаб боз намуда буданд. Қуния маҳалли ҷамъомади донишмандону нависандагон, фақеҳону шоирон ва аҳли адабу ҳунар буд ва забони форсӣ забони идорӣ ва давлатии Салҷуқиён — мардуми он минтақа ба шумор мерафт.
Ба билоди Рум омадани Баҳоуддин Валад бо писараш Ҷалолуддини Румӣ воқеаи муҳим маҳсуб мешуд. Падару писар ҳар ду дар маснади ваъзу дарсу баҳс нишаста, анбӯҳи ҳаводорони худро пайдо намуданд. Баҳоуддин Валад ба ҷуз тадриси фиқҳу ахлоқ бо ирфон низ машғул буд. Баъди вафоти падар дар соли 1231 Ҷалолуддини Румӣ кори ӯро дар ҳамон мадраса идома дод ва баъдан ӯ ҳамроҳи писараш Султон Валад улуми динӣ ва ирфону адаби билоди Румро ба авҷи аъло расонданд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Баҳоуддин Валад асаре бо номи «Маориф» боқӣ мондааст, ки аз чаҳор бахш иборат буда, дар он масоили гуногуни динӣ, ирфонӣ, фиқҳӣ, фалсафӣ ва маълумоти мухтасар роҷеъ ба улуми табиӣ, ҳайат ва соири улуми замона, ҳамчунин шарҳу таъбири оятҳои Қуръон ва ироаи назари баъзе донишмандон матраҳ шудаанд. Дар он бахше таҳти унвони «Ишороти ирфонӣ» низ мавҷуд аст. Бадеъуззамон Фурӯзонфар соли 1333 ҳ. шаҳри «Маориф»-и Баҳоуддин Валад-ро нашр кард. А. Арбери аз рӯйи он «20 фасл аз мавъизаи Баҳовуддин Валад»-ро ба забони англисӣ таҳия намуд. Ҳ. Риттер чакидаи кӯтоҳе аз зиндагиномаи Баҳоуддин Валад-ро ба сурати мақолае дар «Доирату-л-маорифи ираника» соли 1989 ба чоп расонд ва Ф. Мейер бар мабнои «Маориф» таҳқиқоти муфиде анҷом дод. «Маориф»-и Баҳоуддин Валад як китоби шарҳи савонеҳи рӯҳонии муаллиф будааст.
Баҳоуддин Валад дар муносибати Худо, ҳастӣ ва инсон ҳастии мутлақро асоси ҳамаи мавҷудот шумурда, онро бавуҷудоварандаи тамоми ҳастӣ медонад. Ҳастии мутлақ холиқи аслӣ ва дар вуҷуди хеш ба ғайр эҳтиёҷ надорад ва дар «Маориф» он бо номҳои ҳақиқат, ҳастибахш, холиқ, сонеъ ва маҳбуби мутлақ баён шудааст. Пас, тибқи таълимоти ӯ, олам вуҷуд дорад ва сабаби вуҷуди он ҳамон ҳастии мутлақ аст, зеро «вуҷуди мактуб бидуни котиб ва нақш бидуни наққош имконпазир намебошад».
Роҷеъ ба зоту сифоти Худованд Баҳоуддин Валад таъкид мекунад, ки вай дар ҳолати мутлақият сифат надорад ва сифоташ дар вуҷуди ӯст, зеро ҳар чӣ сифат дошта бошад, он комил будан наметавонад. Ин фикри ӯ як навъ илоҳиёти салбиро ба хотир меоварад, ки дар таълимоти ҳастишиносии Баҳоуддин Валад он ба воситаи таҷаллӣ ва қавси нузул иртиботи байни Худову табиат ва инсонро барқарор месозад. Ӯ дар инсон мавҷуд будани ду ҷузъ ба номҳои «аҷзои бохабар» ва «аҷзои бехабар»-ро таъкид намуда, аввалиро ба Худо мансуб медонад ва дуюмиро офаридаи хайри илоҳӣ мепиндорад, ки ишора ба рӯҳу тани инсон мебошад ва муносибати онҳо моҳияти қавси нузулу суудро ташкил мекунанд. Агар ба таври куллӣ ба таълимоти ҳастишиносии Баҳоуддин Валад дар «Маориф» назар афканем, ба хубӣ мушоҳида хоҳем кард, ки ақоиди ӯ дар ҳаллу фасли ин масоил бештар дар пардаи ақоиди динӣ баён шудаанд, вале Худое, ки ӯ тавсиф мекунад, ҷанбаю хусусиятҳои фалсафиро доро мебошад.
Таълимот
[вироиш | вироиши манбаъ]Таълимоти Баҳоуддин Валад роҷеъ ба маърифатро метавон бо ду бахш ҷудо намуд. Дар бахши аввал маърифати олами моддӣ ва дар бахши дуюм маърифати олами мовароуттабиӣ матраҳ шудаанд. Дар маърифати олами моддӣ назари ӯ аз ақоиду орои дигар муосиронаш роҷеъ ба ҳамин масъала фарқи куллие надорад, зеро ӯ низ дар бораи панҷ узви ҳисси зоҳирӣ ва панҷ узви ҳисси ботинӣ маълумот дода, маърифати ҳиссиро аз ду ҷиҳат ноқис мешуморад. Аввалан, хавоси зоҳирӣ танҳо роҷеъ ба аразҳо ва сифатҳои зоҳирии ашё ва падидаҳои табиию ҳодисаҳои иҷтимоӣ маълумот медиҳанд ва барои такмил намудани он маърифати ақлӣ лозим аст, ки тафаккур дар он нақши муҳим мебозад. Сониян, маърифати ҳиссӣ дар дарки олами мовароуттабиӣ комилан нотавон аст. Аз ҳамин нуқтаи назар Баҳоуддин Валад дар «Маориф» нақши ақл дар маърифати олами моддиро аз назари таҳлил гузаронда, муносибати дониши ҳиссӣ ва ақлиро барқарор сохта, вазифа ва нақши субъекти маърифатро дар дониши ҳиссию ақлӣ нишон медиҳад ва ба шарҳу баёни маърифати ирфонӣ мепардозад.
Бо овардани як силсила мисолҳо ва нишон додани иртиқои нафси инсон Баҳоуддин Валад ба тариқи хулоса дар «Маориф» навишта, ки "рӯҳҳо нерӯи Аллоҳанд, ки ба колбаду ҷисмҳои касиф маҳбус гаштаанд ва ё гӯӣ партави Аллоҳанд, ки дар зовиёи аҷсом афтода… Пас, ҳамаи ранҷи рӯҳ аз он аст, ки дуру маҳҷуб мондааст аз Аллоҳ, пас, ҳар гоҳ, ки рӯҳро ба арвоҳ пайванданд, чунонки миёни эшон ҳеч хилоф намонад. Назири пайвастан чунин бошад, ки равшании Офтоб ба хона афтода бошад, девор аз миён бардошта шавад… Он гоҳ гӯӣ партави рӯҳ ҳастӣ бар исмиёт, ки афзоянда мешавад ва партави номиёт аст, ки дар ҷамодот меафтад, ки гарму сард шавад, чун ин партавҳо ҳама ба асл пайванданд, ҳама чизҳо зарра шавад ва «алмулк явмаизин лиллоҳ».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Encyclopaedia of Islam — Лейден: Brill.
- ↑ https://archive.org/details/rumisworldlifewo0000schi/mode/2up — С. 13.
- ↑ Encyclopaedia of Islam — Лейден: Brill. — Ҷ. 2. — С. 393.
- ↑ Encyclopaedia of Islam — Лейден: Brill.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- بهاءالدین ولد. معارف. ج۱. تهران، ۱۳۳۸.؛
- لوئس ف. د. مولانا دیروز تا امروز. شرق تا غرب. تهران، ۱۳۸۴.؛
- عبدالحسین زرین کوب. پله-پله تا ملاقات خدا.تهران، ۱۳۸۷.؛
- کربن هانری. تاریخ فلسفۀ اسلامی. تهران، ۱۳۸۰.؛
- یوسفپورمحمدکاظم. نقد صفیه. تهران، ۱۳۸۰
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳоуддин Валад / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.