Баҳоуддин Соми I
форсӣ: بهاء الدین سام | |
1149 — 1149 | |
Пешгузашта | Сайфуддини Сурӣ |
Ҷонишин | Алоуддин Ҳусейн |
|
|
Таваллуд | |
Даргузашт | 1149 |
Сулола | Ғуриён |
Падар | Изуддин Ҳусайн |
Фарзандон | Ғиёсуддин Муҳаммад ва Муҳаммади Ғурӣ |
Баҳоуддин Соми I (форсӣ: بهاء الدین سام; ? — 1149, Ғур) — султони давлати Ғуриён (1149), бародар ва ҷонишини Сайфуддини Сурӣ ва писари Иззуддин Ҳусайни Ғурӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз он ки бародараш султон Сайфуддини Сурӣ дар соли 1149 ба тахти подшоҳӣ нишаст, Баҳоуддинро ҳокими Сангаи вилояти Ғур таъйин намуд. Дар аҳди ҳукмронии падараш Изуддин Ҳусайн байни Ғуриён ва Ғазнавиён мухолифатҳо вуҷуд надоштанд, аммо Баҳодуршоҳи Ғазнавӣ писари ӯ — Қутбуддин Муҳаммадро, ки ҳокими Фирӯзкӯҳ буд, заҳр дода ҳалок кард ва мухолифати миёни ду хонадон оғоз ёфт. Баҳоуддин ба Фирӯзкӯҳ омад ва с. 1149 ҳокими он ҷо шуд. Султон Сайфуддини Сурӣ барои гирифтани интиқоми бародараш Қутбуддин Муҳаммад ба Ғазнӣ ҳамла оварда, баъди шикасти Ғазнавиён зимоми роҳбарии он ҷоро ба дасти Баҳоуддин супурд. Баҳоуддин замони салтанаташ барои ободии давлати Ғуриён — ш. Фирӯзкӯҳ талош намуд ва дар атрофи Ғур чаҳор қалъаи устувор бино кард. Ӯ ду писар — Ғиёсуддин Муҳаммади Сом ва Муъиззуддин Муҳаммади Сом дошт, ки баъдан ҳар ду бузургтарин султонони имперотурии Ғуриён шуданд. Таърихнигорони асримиёнагӣ Баҳоуддинро шоҳи фарҳангдӯст ва ҳомии фозилону шоирон муаррифӣ кардаанд.
Баҳоуддин Соми II (c. таваллуд номаълум — вафот 1205), подшоҳ аз хонадони Ғуриён. Фарзанди Шамсуддин Муҳаммади Ғурӣ ва набераи духтарии Баҳоуддин Соми I. Соли 1192 ҳокимиятро дар Бомиён ба даст оварда, баъди вафот ҳокими турктабори Балх Озия, ки тобеъ ва хироҷгузори Қарохитоиён буд, с. 1197 ш. Балхро ҳам ба тасарруфи худ даровард. Сипас дар муддати кӯтоҳе тамоми Тахористонро тобеъ намуд. Тадриҷан ҳудуди давлатдории Баҳоуддин аз Шарқ то Кашмир, аз Ғарб то Тирмизу Балх, аз Шимол то Қошғар, аз Ҷануб то Ғуру Ғарҷистон доман паҳн кард. Баҳоуддин бо лашкари азим с. 1205 барои тасарруфи Ғазнӣ кӯшид, вале дар роҳ бар асари беморӣ даргузашт.
Баҳоуддин Соми III (с. таваллуд номаълум — вафот 1221), подшоҳ аз хонадони Ғуриён. Писари Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ ва набераи Баҳоуддин Соми I. Дар 14-солагӣ бо ёрии амирони турк ва ғурӣ дар Фирӯзкӯҳ ба тахти подшоҳӣ нишаст, аммо амалан модараш ҳоким буд. Модари Баҳоуддин бо мадади туркҳо иддае аз душманони салтанатро қисман қатл кард ва бархеро зиндонӣ намуд. Амакзодаи Баҳоуддин Алоуддини Отсиз — писари Алоуддини Ҷаҳонсӯз, ки дар хидмати султон Муҳаммади Хоразмшоҳ буд, бо иҷозати султон ба Фирӯзкӯҳ лашкар кашид ва пас аз ду рӯзи набард Баҳоуддинро шикаст дод. Баҳоуддинро дастгир карда, ҳамроҳи модар, бародар ва хоҳаронаш ба Хоразм бурданд. Онҳоро то ҳамлаи Чингизхон дар дарбори Муҳаммади Хоразмшоҳ нигоҳ доштанд ва с. 1221 Баҳоуддин ва бародараш бо фармони модари Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ — Турконхотун дар дарёи Ҷайҳун ғарқ карда шуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳоуддин Соми I // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Давлатдории тоҷикон дар асрҳои 9-14. — Д., 1999;
- میر غلام محمد غبار. افغانستان در مسیر تاریخ. قم، ۱۹۸۰