Баҳрайниҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳрайниҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳрайниҳо, арабҳои Баҳрайн — халқият, аҳолии асосии Баҳрайн.

Асосан ба лаҳҷаи баҳрайнии забони арабӣ такаллум мекунанд, ки он низ ба лаҳҷаи қадимии баҳарна — лаҳҷаи сокинони бумӣ ва лаҳҷаи навбаҳрайниҳо — муҳоҷирин ҷудо мешавад. Забони форсӣ низ маъмул аст. Б. ҳамчунин ба қабилаҳои гуногуни мутааддид тақсим шудаанд, ки қабилаҳои калонтаринашон ал-бу-кувараҳ, ал-мусаллам, ал-муовада, ал-ҷамоат, ас-салота, Банӣ Атбон, Банӣ Холид мебошанд. Бо хатти арабӣ менависанд. Шумораи умумии Б. дар ибт. садаи 21-ум 320 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Эътиқодмандон пайравони аҳли тасаннун ва ташайуъи дини исломанд. Қисми ками аҳолӣ муътақидони дини масеҳӣ ва дигар дину боварҳоянд.

Қабилаҳои араб дар ҷаз-ҳои Баҳрайн ибт. ҳазорсолаи 1 пайдо шудаанд, ки алҳол 60%-и аҳолии умумиро ташкил медиҳанд. Дар баробари Б. ҳиндуҳо, покистониҳо, филиппиниҳо, бангладешиҳо ва эрониён низ зиндагӣ доранд. Маскуншавии аҳолӣ дар Баҳрайн аз ҳазораи 3 пеш аз м. маълум шуда, аз садаи 4 то садаи 6 то м. ба Империяи Форсҳову Сосониҳо дохил буд. Аз садаи 7 ба дасти Хилофати Араб гузашт. Баъдҳо онро португалиҳо забт карда, аз садаи 17 дар ихтиёрдории Сафавиён қарор гирифт. Аз ҳамин давра омезиши этникии аҳолии Баҳрайн оғоз гардид. Асоси хоҷагидории Б. кишоварзӣ (нахли хурмо, мавз (банан), анҷир, меваҳои ситрусӣ, манчо, сабзавоткорӣ), моҳидорӣ (ҳамчунин дарёфти гавҳар аз баҳр) ва тиҷорат аст. Чорводорӣ кам тараққӣ кардааст. Аз ҳунармандии маъмулӣ кулолӣ, бофандагӣ ва киштисозӣ маъмуланд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Страны и народы. Том: Зарубежная Азия. М., 1979.

Шаблон:Арабҳо