Баҳри тавил
Баҳри тавил (форсӣ: بحر طویل аз ар. بحر الطويل — баҳри дароз) — яке аз санъатҳои бадеии лафзист, ки баъзе шоирон дар ашъорашон аз он истифода кардаанд.
Одатан, дар шеъри муқаррарӣ як мисраъ аз 4 рукни ягон баҳр иборат аст, вале дар баҳри тавил як мисраъ метавонад аз 6 то 94 рукн таркиб ёбад. Миқдори рукнҳои мисраъҳо дар шеъри дар баҳри тавил навишташуда метавонад ба ҳам баробар набошад. Мас., дар шеъри Фавқӣ ном шоири а. 17, ки аз чаҳор мисраъ иборат аст, мисраи якум 22, дуюм 24, сеюм 19, чаҳорум 36 рукн дорад. Яке аз шартҳо дар баҳри тавил он аст, ки хонанда бояд як мисраъро дар як нафас хонад. Мисол барои баҳри тавил, ду мисраъ аз шеъри Фавқӣ. Мисраи якум:
Дӯш сармаст ба гулгашт саҳаргаҳ шуда будам, ки яке сарвқаде, лоларухе, ҳуру парӣ, лабшакаре, симбаре, турфа нигоре, ки хиромидану рафтору шакархандаву гуфтору ду чашмаш ба фусун ҳар яке аз инҳо ба ҷудоӣ бирабоянд зи ошиқ дилу ҷонро.
Мисраи дуюм:
Гуфтам: Эй ҷони ҷаҳон, сарви равон, мӯрмиён, пистадаҳон, абрукамон, ҷумла ҷаҳон сарфи қадамҳои ту созам, агар аз роҳи яқин банданавозӣ бикунӣ, бар сару чашмам қадаме ранҷа намоӣ, ки бувад боиси хушҳолию фархундагию айни сарафрозии ин мухлиси дерини шуморо.
Шеърҳои дар баҳри тавил навишташуда дар осори шоирони тоҷик, масалан, Боқӣ Раҳимзода ба назар мерасанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳри тавил / У. Тоиров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Зеҳнӣ Т.. Санъати сухан. Д., 1992;
- Тоиров У. Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам. Ҷ. 1. Д., 1994;
- Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Бадоеъ-ул-афкор. Д., 2006.