Иҷозаи ибҳомзудоӣ

Баҳром (шоҳони сосонӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Баҳром, (форсӣ: بهرام‎) — Варахранром — номи чанд тан аз шоҳони Эрон аз сулолаи Сосониён.

  • Баҳроми I (? — 276) — чаҳорумин подшоҳ аз сулолаи Сосониён (272—276), писари Шопури I. Ӯ ба маликаи Палмир дар ҷанг бо императори Рум мадад расонд, вале румиҳо пирӯз шуданд. Ин боиси кудурат байни Руму Эрон гашт. Баҳроми I ба хотири фурӯ нишондани ғазаби румиҳо ба онҳо ҳадяҳо фиристод, вале с. 275 императори Рум ба Эрон ҳамла овард ва Б. дар роҳ вафот кард.
  • Баҳроми II (? — 292/293) — панҷумин подшоҳи Сосониён (276—293), писари Баҳроми I. Баъди падараш ба тахт нишаста, бештар бо шикор шуғл дошт, ашрофиёни норозӣ зидди ӯ сӯиқасд ташкил намуданд, вале сӯиқасд ошкор шуд ва Баҳроми II идораи давлатро пурра ба зимма гирифт. Ӯ вил. Сиистон (Сакистон)-ро забт намуда, ҳудуди давлатро васеъ намуд. Императори Рум Карус ба сарзамини Сосониён лашкар кашида, вил. Байнаннаҳрайнро, ки аз замони Шопур дар ихтиёри Эрон буд, ба осонӣ забт намуд. Баҳроми II қабл аз подшоҳӣ муддате ҳокими Кушон буд, бинобар ин лақаби Кушоншоҳ дошт.
  • Баҳроми III (? — 293) — шашумин подшоҳи Сосониён, писари Ҳурмузди I, фақат с. 293 чор моҳ подшоҳӣ кардааст. Азбаски муддате ҳокими Сакистон буд, ӯро Саконшоҳ низ мегуфтанд.
  • Баҳромии IV (? — 399) — сездаҳумин подшоҳ аз сулолаи Сосониён (388—399). Замони салтанаташ байни Эрону Рум сулҳ баста шуда, Арманистони Шарқӣ ба Эрон ва Арманистони Ғарбӣ ба Рум тааллуқ гирифт. Баҳроми IV чанде ҳокими Кирмоншоҳ буд, аз ин рӯ ӯро баъзан Кирмоншоҳ ҳам мегӯянд.
  • Баҳроми V (? — 438), машҳур ба Баҳроми Гӯр — понздаҳумин подшоҳ аз сулолаи Сосониён (421—436), писари Яздгурди I. Барои тахт бо бародараш Шопур, ки ҳокими Арманистон буд, мубориза бурд, аъёну ашрофи Эрон аз низои бародарон истифода бурда, Шопурро куштанд ва хеши Яздгурди I — Хусравро ба тахти салтанат нишонданд. Баҳроми V бо Хусрав ҷанг эълон кард, аммо мухолифати онҳо бо сулҳ анҷомид, ҷанг бо Рум низ дер давом накард. Баҳроми V ба сарзамини Ҳайтолиҳо ногаҳон ҳамла намуда, лашкарашонро дар Марв шикаст дод, шоҳи Ҳайтолиҳоро бо дасташ кушт ва тоҷи ӯро зинати оташкадаи «Озаргуштасп» кард, тамоми Арманистонро ба Эрон ҳамроҳ намуда, дар қаламрави худ озодии мазҳаб дод. Ӯ ҳангоми шикор дар ботлоқ байни Шероз ва Исфаҳон бо аспаш ба ҳалокат расидааст. Азбаски Баҳроми V ба сайди Гӯр (гӯрхар) майл дошт, ӯро Баҳроми Гӯр меномиданд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон, таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. Д., 1983
  • قدیان عباس، فرهنگ فشردۀ تاریخ ایران، تهران، ۱۹۹۷؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی، ج ۱۳ تهران، ۲۰۰۴