Баҳроми II
Зоҳир
| |
274 — 293 | |
Пешгузашта | Баҳроми I |
Ҷонишин | Баҳроми III |
|
|
Таваллуд | асри III |
Даргузашт | 293 |
Мадфан | |
Дудмон | Хонадони Сосон |
Падар | Баҳроми I |
Ҳамсар | Шопурдухтак |
Фарзандон | Баҳроми III |
Эътиқод | маздаясно |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Баҳроми II (порсии миёна: 𐭥𐭫𐭧𐭫𐭠𐭭 (Warahrān, Wahrām); асри III — 293) — подшоҳи Соcонӣ (274—293) ва писари Баҳроми I. Баъд аз падар подшоҳ шуд. Ибтидо ситамгар буд ва ба андарзи мӯбаде рафтори худро тағйир дод.
Бештар бо шикор шуғл дошт, ашрофиёни норозӣ зидди ӯ сӯиқасд ташкил намуданд, вале сӯиқасд ошкор шуд ва Баҳроми II идораи давлатро пурра ба зимма гирифт. Ӯ вилояти Систонро забт намуда, ҳудуди давлатро васеъ намуд. Имперотури Рум Карус ба сарзамини Сосониён лашкар кашида, вилояти Байнаннаҳрайнро, ки аз замони Шопур дар ихтиёри Эрон буд, ба осонӣ забт намуд. Баҳроми II қабл аз подшоҳӣ муддате ҳокими Кушон буд, бинобар ин лақаби Кушоншоҳ дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳром // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.