Баҳрулло Нарзуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳрулло Нарзуллоев
Баҳрулло Нарзуллоев
Таърихи таваллуд 2 май 1927(1927-05-02)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 17 июн 1982(1982-06-17) (55 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи сейсмология ва сохтмони зилзилабардори АИ Тоҷикистон, ДДТ ба номи В.И Ленин
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Самарқанд, ИҶШС
Ҷоизаҳо Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977)

Баҳрулло Нарзуллоев (02.05.1927, шаҳри Самарқанд — 17.06.1982, шаҳри Душанбе) — олим, доктори илмҳои физикаву математика (1969), профессор (1970), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳрулло Нарзуллоев соли 1948 факултаи физикаи Университети давлатии Самарқандро ба итмом расонда, дар ҳамин ҷо муаллимӣ кардааст. Солҳои 1954—1955 дар Пажӯҳишгоҳи сейсмология ва сохтмони зилзилабардори АИ Тоҷикистон чун ходими илмӣ кор карда, аз соли 1955 дар ДДТ ба номи В.И Ленин фаъолият доштааст. Вазифаҳои мудири кафедраи физикаи таҷрибавӣ (1955—1956, 1958—1965) декани факултаи физикаю математика (1956—1958), ноиби ректор оид ба илм (1965—1968), мудири лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳоро (1968—1971) ДДТ ба номи В.И Ленин адо намудааст. Аз соли 1972 то поёни умр мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт ДДТ ба номи В.И Ленин буд.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Нарзуллоев муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмӣ оид ба илми физика мебошад. Асосан оид ба физикаи мустаҳкамӣ ва вайроншавии ҷисмҳои сахт, хусусан полимерҳо ковиши илмӣ анҷом дода, бо роҳбариаш бар асоси таҳқиқи сохтор ва механикаи вайроншавии нахҳои полимерии табиӣ (абрешим, пахта, пашм) роҳҳои беҳтаргардонии хосиятҳои коршоямии онҳо (мустаҳкамӣ, тобоварӣ ба таъсири муҳит, афканишот) пешниҳод гардидаанд. Таҳти роҳбарии илмии Баҳрулло Нарзуллоев — 14 наф. рисолаҳои докторӣ ва 57 наф. рисолаҳои номзадиро дифоъ намудаанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Временная зависимость прочности твердых тел. — Ленинград, 1954;
  • Физикаи молекулавӣ. Китоби дарсӣ барои студентон. — Д., 1967.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977).


Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Факултети физика 50-сол / Муҳаррирон: Солиҳов Д.Қ., Махсудов Б. И., Исломов З. З. — Душанбе: Эр-граф, 2016. — 208 с.


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]