Баҳрҳои дохилӣ
Зоҳир
Баҳрҳои дохилӣ — баҳрҳоеанд, ки дар дохили хушкӣ воқеъ гашта, бо уқёнус ё баҳрҳои ҳамшафат бо як ё якчанд гулӯгоҳ пайвастанд. Иқлими хушкӣ ба баҳрҳои дохилӣ таъсири зиёде мерасонад. Оби баъзе баҳрҳо (мас., Баҳри Балтика, Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Азов) аз сабаби фаровонии оби дарёҳо камнамаканд. Оби баҳрҳои дигар (Баҳри Сурх, Баҳри Миёназамин) аз таъсири иқлими гарми хушк ва камии оби дарёҳо шӯртаранд. Баҳрҳои дохилӣ аз рӯйи хусусияти низоми гидрологиашон ба баҳрҳои миёназаминиву нимкушод тақсим мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳрҳои дохилӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |