Баҳрҳои канорӣ
Jump to navigation
Jump to search
Баҳрҳои канорӣ — баҳрҳое, ки ба қораҳо (материкҳо) ҳамшафат буда, то андозае бо ҷазира ё нимҷазираҳо ҷудо шудаанд. Одатан дар тунукоби қоравӣ ва нишебиҳои қоравӣ ҷойгир буда, баъзан ноҳияи амиқи уқёнусро низ фаро мегиранд. Ҳам материк ва ҳам уқёнус ба ҳамаи хусусиятҳои он баҳрҳо (таҳнишастҳои қаър, иқлим, низоми гидрологӣ, ҳаёти органикӣ) таъсир мерасонанд.
Баҳрҳои Баренс, Кара, Лаптевҳо, Сибири Шарқӣ, Чукот, Баҳри Шимолӣ, Беллинсгаузен ва ғ. баҳрҳои канорианд.
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
- Баҳрҳои канорӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи обшиносӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |