Баҳс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баҳс (ар. بحث‎ — гуфтугӯ, муколама), мунозара — дар таърихи фалсафа исботи хабар бо далелу бурҳон, ки дар натиҷаи мунозара ба даст меояд. Аз ин рӯ, ҳикмати машшоъро, ки бунёду бунёнаш Б. ва мунозира аст ва маърифати ботиниро намепазирад, ҳикмати баҳсӣ (бар хилофи ҳикмати кашфию завқӣ) меноманд. Фахруддини Розӣ дар «Ҷомеъ-ул-улум» силсилаи одоби мунозараро баён карда, моҳияти асосии дарёфти ҳақиқати илмиро дар тасаввур (лафзест, ки аз он маънӣ мафҳум мешавад) ва тасдиқ (собит намудани нисбати одаму вуҷуди чизе ба чизе) мебинад. Илми муосир низ ба тавассути Б. собит шудани ҳақиқатро эътироф мекунад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]