Jump to content

Баҳси гурӯҳ:Мақомҳо дар футбол

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
  • Ман дар ҳайронӣ. Дар русӣ позиция ки ба он бештар мавқеъ мувофиқ аст (мақом — место, статус).
  • Хай барои нападающий ҳам ҳуҷумкунанда ва ҳам ҳамлагар дуруст аст.
  • То рафт гумон мебарам, ки Шумо танҳо барои номувофиқ омадан бо номи ман гузошта номашро нав карда истодаед. Тулӯъи футбол 13:06، 25 Декабри 2017 (UTC)
Инҳо тарҷумаи шахсии ман нест, балки аз донандагони соҳа ва забоншиносон пурсидам, агарчӣ луғати русӣ-тоҷикӣ позиция ро вазъият, мавқеъ тарҷума кардааст ва дар ҳоли тарҷумаи беҳтаре ҳатман ҳавол медиҳемаш ба варианти дурусттараш. Аммо гумонатон билкул ғалат аст, ки ман АНТИшумо кор карда бошам! Мақсади ман ин аст, ки сараввал як тарҷумаи ягона ва дурусте ёфта бошему он ба таври доим дир Википедия истад. Чун агар ҳамин рӯзҳо ТВҳои Тоҷикистонро бубинед, ҳар яке дар мавриди як истилоҳи футбол вожаҳои гуногунро истифода мебаранд.

мавқеъ — 1. место, местоположение; позиция; гирифтаи: занимать место, выбирать позицию; 2. случай, момент; 3. пора, время; ~и махсус а) особое место; б) особый случай; дар ~аш кстати, уместно; своевременно; ~ доштан а) иметь место; б) иметь положение; иметь ва мақом — '1. место, местопребывание, место расположения; жилище; ~ доштан находиться в каком-л. месте, располагаться, пребывать; 2.статус; ~и давлатй государственный статус;3.момент, время; 4. пост, положение, чин, ранг; 5. орган (административный); хар сухан чоеву' --Дӯстмурод Саид (talk) 02:53، 26 Декабри 2017 (UTC)

Вожаварз, ТВ Варзиш, Вожаҳои футбол

[вироиши манбаъ]

Ин вожаҳоест, ки коршиносони соҳа то кунун ба мувофиқа омаданд:

  • НИМҲИМОЯТГАР ё БОЗИКУНИ МИЁНА (бозикуни миёнӣ) — HALFBACK (ё midfielder) ва ба русӣ ПОЛУЗАЩИТНИК;
  • НИМҲИМОЯТГАРИ МИЁНӢ (марказӣ — Central midfielder).
  • НИМҲИМОЯТГАРИ КАНОРӢ (Wide midfielder) ба ду даста — НИМҲИМОЯТГАРИ ЧАП ва — НИМҲИМОЯТГАРИ РОСТ
  • НИМҲИМОЯТГАРИ ДИФОЪӢ (Holding midfielder),
  • НИМҲИМОЯТГАРИ ҲУҶУМӢ (Attacking midfielder)
Аз навиштаҳои пажӯҳишгари тоҷик Обид Шакурзода дар гурӯҳи Забонкадаи Фейсбук, ки инҷо оварданашро хел бамаврид мебинам:

«НИМҲИМОЯТГАРИ ТАКЯГОҲӢ»(??) — ихтироъи бемаънои ТВ ВАРЗИШ

НИМҲИМОЯТГАР ё БОЗИКУНИ МИЁНА (бозикуни миёнӣ) — инглисии он HALFBACK (ё midfielder) ва ба русӣ ПОЛУЗАЩИТНИК; дар футбол, бозикуне, ки дар байни мудофеъ ва муҳоҷим ҷойгоҳ дорад. Бархе аз инҳо гароиши дифоъӣ доранд, гурӯҳе дар камарбанди миёнии майдон бозӣ мекунанд, тамоили гурӯҳе ҳам ҳуҷумӣ аст ва бархе аз нимҳимоятгарон (halfback-ҳо) ҳам ба унвони ёри озод ҳаққи бозӣ дар тамоми манотиқи миёнии майдонро доранд.

Нимҳимоятгарон маъмулан муваззафанд нақши бозисозии ҳарифро хароб кунанд ва худ дар бозисозии даста аз тарроҳони аслӣ бошанд. Аз инҳо:

  • НИМҲИМОЯТГАРИ МИЁНӢ (марказӣ — Central midfielder) бозикунест, ки тақрибан вазифаҳои дифоъӣ ва ҳуҷумии баробарро иҷро мекунад; дар замоне, ки тӯб дар ихтиёри дастаи худӣ аст, нақши ҳуҷумӣ мегирад ва рӯ ба пеш меорад, то тӯбро ба муҳоҷимон бирасонад. Бархе аз ин бозикунон тавоноии зарбазанӣ доранд ва метавонанд берун аз майдони 18-қадам (ё худ ҷаримагоҳ)-и ҳариф ба самти дарвоза зарба зананд. Аммо агар тӯб дар ихтиёри бозикуни ҳариф буда бошад, ба ақиб бармегарданд, то ба мудофиъон кумак ва дар тӯбгирӣ ширкат кунанд. Маъмулан дар системи 4-4-2 аз ду нимҳимоятгари марказӣ истифода мешавад.
  • НИМҲИМОЯТГАРИ КАНОРӢ (Wide midfielder) ба ду даста — НИМҲИМОЯТГАРИ ЧАП ва — НИМҲИМОЯТГАРИ РОСТ ҷудо мешавад. Вазифааш барқарории мувозанат ё таъодул миёни хатти ҳамла ва дифоъ аст. Ӯ низ чун нимҳимоятгари марказӣ амал мекунад, тафовут танҳо дар ин аст, ки бештар ба канораҳои майдон (чап ё рост) гароиш дорад ва муҳоҷимонро аз ҷиноҳҳо соҳиби тӯб мекунад.
  • НИМҲИМОЯТГАРИ ДИФОЪӢ (Holding midfielder), инро нимҳимоятгари тахрибгар ҳам мегӯянд; Дифоъитарин нимҳимоятгар аст, ки тақрибан ҳамаи вижагиҳои як мудофеъро дорост, танҳо бо ин тафовут, ки ӯ андаке пештар аз хатти дифоъӣ бозӣ мекунад. Ҳадафи аслияш ҳам бештар дифоъ аз дарвозаи худӣ буда, ба ҳамла андармон нест. Зимнан, шореҳони футболи ТВ ВАРЗИШ ин лафзро ҳарф баҳарф аз рӯсӣ (опорный полузащитник) — «нимҳимоятгари такягоҳӣ»(??) тарҷума кардаанд, ки ҳич зебу мантиқу ҳусн надорад ва масхараи забони гуфтор аст.
  • НИМҲИМОЯТГАРИ ҲУҶУМӢ (Attacking midfielder) — бозикунест, ки пештар аз нимҳомоятгари миёнӣ ва ақибтар аз ҳуҷумкунандаҳо бозӣ мекунад ва масъули аслии ҳамлаҳои даста аст…

Ин аз сад як бемаъногуфтории шореҳони ТВ Варзиш аст, ки рӯйи коғаз овардем. Омилони ин шабака то кунун зарофату мантиқу адаби забони модарии моро дар аксари маврид муроот накардаанд ва он гуна эҳсос мешавад, дар баробари баландгӯ (микрофон) бидуни тайёрӣ, ба қавли худашон таваккал карда (??) ҳар чӣ аз даҳоншон ояд, гуфтан мегиранд (шакли дурусти ин лафз ТАВАККУЛ аст, истилоҳи ирфонӣ ва дар футболи муосир ба ҳич ваҷҳ аз пайи таваккал (??) ё «ҳар чӣ бодо бод» гом намебардоранд, зеро футбол акнун аз назарияи дақиқи илмӣ ва мантиқи болои мамлу аз таркиб (комбинатсия)-ҳо ва токтикҳову истрожетикҳои рангоранг бархурдор аст). Гӯиё дар забони гуфтори мо муродифҳои шинаму гуворотар кам бошад, ки шореҳон суханҳои бегона — симуляция, комбинатсия, пример -лига, бутси, дерби, автогол… барин алфози бегонаро норвою бемуносибат ба забон оварда, дар ҷомеъа бегонагуфториро суннат мекунанд. Ҳол он ки ин шореҳони муҳтарам ҳам дар шумори аҳли китобу зиёи миллат масъулияти посдории покии забони модарии моро доранд ва вазифаи аслияшон на пургӯии бемантиқонаю кӯчабозорӣ, балки шевогуфторӣ, зебокаломӣ, вожаороӣ ва дар маҷмуъ оинадории забони дуррбори модарии мост. --Дӯстмурод Саид (talk) 03:10، 26 Декабри 2017 (UTC)